logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО САРВАЗИРИ ШӮРОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

13 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсянро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсянро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки акнун ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баромадааст, таваҷҷуҳи хосса дорад.
Аз иштироки фаъоли Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, имзои Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин, ки ба татбиқи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  нигаронда шудааст, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳаҷми гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармояи Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, бо Чин дар самтҳои барои ҷонибҳо судовар бо роҳи ҷалби сармоя, воридоти технология ва таҷҳизот, истифодаи имкониятҳои “Хазинаи Роҳи абрешим”, таъсиси “Хазинаи сармоягузории Тоҷикистон ва Чин” барои рушди бахши истеҳсолӣ, инфрасохтор, соҳибкории хурду миёна ва туризм ҳамкориро ба роҳ монад.
Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, пешниҳод гардид, ки миёни ҷонибҳо Комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис дода шавад.
Дар ҷараёни мулоқот, ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба бозорҳои Чин, ҷалби сармоя барои рушди зерсохтори соҳаи туризм ва густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ба иқдоми ҷониби Чин барои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси дастгирии беғаразона амалӣ мегардад, баҳои баланд дода шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, масоили ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар самти таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2018    №: 202    Мутолиа карданд: 3979
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед