logo

порлумон

ДУШАНБЕ. КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ АВТОБУС БУНЁД МЕГАРДАД

Дар Душанбе  корхонаи истеҳсоли автобус бо иқтидори 250 - 300 адад дар як сол бунёд гардида, дар он барои 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда мешавад. Корхонаи мазкур дар муҳлати як сол бо маблағи 20 миллион доллар қомат хоҳад афрохт.
Тавре  Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim le Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi» - и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони кишвар  иброз дошт, он 9 августи соли равон аз ҷониби кумита ба имзо расидааст. Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда маҳсулоти ивазкунандаи воридот маҳсуб меёбанд. Айни замон ба мақсади нигоҳдории воситаҳои нақлиёти истеҳсолшаванда Маркази хидматрасонии техникии замонавӣ бо пешниҳоди ташхиси компютерӣ, таъмири автобусҳои истеҳсолшаванда, таъминот бо қисмҳои эҳтиётии босифат ва фармоиши онҳо дар реҷаи мустақим, инчунин, ташкили хидматрасонии техникии сайёр таъсис дода шудааст.
Назар ба гуфтаи  Сулаймон Эраҷ, роҳбари ҷамъияти мазкур, аллакай корхонаи хидматрасонии автобусҳои шаҳрӣ фаъолият дорад. Имрӯз дар пойтахти кишвар 117 автобуси нав ба сокинон хидмат мерасонад. 
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2018    №: 204    Мутолиа карданд: 1611
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед