logo

ҳуқуқ

ПАЁМАДИ ГУМРОҲӢ. БОЗ ЯК ИФРОТӢ БА ШАШ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Солҳост, ки башарият ба тамоми забонҳо аъмоли ваҳшиёна, баду нангин ва фасодкоронаву ғайриинсонии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” -  ро, ки дар Ироқу Сурия  мардуми осоиштаро ба қатл расонда, занону кӯдаконро ба хоку хун кашидаанд, тавҳин менамояд. Манзараҳое мағшуш чун қатли модари хеш, даҳшатафканӣ, террору ифрот ва нобуд кардани осори гаронбаҳои тамаддуни инсоният ва ба харобазор табдил додани кишварҳои ободу зебо, ки аз ҷониби аъзои ин гурӯҳ ба анҷом расидааст, нафрати ҷомеаи ҷаҳонро ба бор овардааст.  Онҳо бо чунин аъмолашон ба дини поки мубини ислом фақат иснод меоранду халос.
Боиси таассуф аст, ки то имрӯз баъзе ашхоси бехираду ноогоҳ ва ба қавле  “нобинову ношунаво” тавассути  интернет ба доми макру ҳияли аъзои ин гурӯҳ меафтанд.
Саиджиҳод Манонов, сокини деҳаи Пешқадам-1-и Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ,  соли 2017 ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор доштанаш, бо як узви иттиҳоди экстремистӣ - террористии “Давлати исломӣ” робитаи интернетӣ пайдо намуда, огоҳ гардидааст, ки баъзе аз шаҳрвандони  Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи мазҳабиву динӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди Сурия ба ҳайати иттиҳоди террористии “Давлати исломӣ” аъзо гардидаанд. Инчунин, ӯ мунтазам аз аъзои иттиҳод оид ба фаъолияти онҳо маълумот гирифта, ақидаи онҳоро дастгирӣ ва омодагиашро барои маблағгузории иттиҳоди террористии “Давлати исломӣ” изҳор кардааст. Сипас, ӯ бо як узви иттиҳод бо тахаллуси “Шом”, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум аст, ба воситаи сомонаи интернетии “Zello” робита пайдо карда, аз номбурда таълимоти ифротгароёна гирифтааст.
Ӯ охирҳои моҳи августи соли 2017  дидаву дониста, ки “Шом” дар ҳайати “Давлати исломӣ” ҳамчун террорист фаъолият дорад, барои пеш бурдани фаъолияти иттиҳоди ҷиноятӣ ба воситаи низоми интиқоли маблағи электронии “Киви кошелёк” ба суратҳисоби номбурда 1000 рубли русӣ гузарондааст. Расиди онро бошад, ба воситаи телефони мобилии худ расм гирифта, ба воситаи барномаи «Zello»  ба номбурда фиристода, сипас, аз телефони мобилиаш ва барномаи «Zello» тоза кардааст. «Шом» баъди гирифтани маблағ изҳори миннатдорӣ баён карда, фаҳмондааст, ки ҷиҳоди кардаи ӯ дар «дафтари аъмол” - аш навишта мешавад.
Дар ҳақиқат, ӯ дарсҳои аъзои «Давлати исломӣ»-ро гӯш карда, мақсад доштааст, ки барои ҷиҳод ба Сурия равад. Аммо, модераторон ба ӯ гуфтаанд, ки вазъи муҷоҳидон дар Сурия бад шудааст ва хоҳиш карданд, ки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳозир шавад. Барои ба ин давлат рафтан, роҳ ва дигар нафаронро ҷустуҷӯ доштааст. 25 сентябри соли 2017 ӯро кормандони политсияи шаҳри Санкт - Петербург дастгир карда, бинобар нодуруст будани ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ихроҷ мекунанд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе  аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти раисии  судя Раҳмиддин Раҳимзода парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саиджиҳод Маноновро баррасӣ намуда, ӯро тибқи моддаи 1792 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати  6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукми суд дар мавриди С.Манонов, ҳушдорест барои дигарон, ки худро аз доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро канор гиранд ва ба чунин аъмоли ношоиста, ки оқибаташ ҷуз зиндону доғдор намудани рӯзгори худ чизи дигаре нест, парҳез кунанд.
М. САФАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2018    №: 205    Мутолиа карданд: 804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед