logo

маориф

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. РАВАНДИ ТАЪЛИМ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Мактаб даргоҳи илму маърифат ва асоси камолоти инсон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим ҳамаҷониба эҳсос мешавад. Сол ба сол шароити донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар шуда, раванди он рӯ ба болоравӣ дорад. Ҳамасола бо дастгирии Сарвари давлат мактабҳои замонавӣ, муҷаҳҳаз бо фановарии ҷадид сохта шуда, марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. «Бо назардошти бунёди муассисаҳои нави таълимӣ давра ба давра сатҳу сифати таълиму тарбия дар муқоиса ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар гардидааст.  Моро лозим аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат сифати таълиму тарбияро боз ҳам боло бардошта, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба меросу анъанаҳои миллӣ тарбия карда, ба воя расонем», - гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Насимҷон Ғоибзода.
Бо назардошти таъмини пурраи кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳисоби хатмкунандагони ҷавон имсол дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият намудани омӯзгорон аз байн рафт. 13 омӯзгори ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шуд, рӯйхати 20 нафар барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок пешниҳод шудааст. Ҳоло дар 61 муассисаи таълимии ноҳия 1154 омӯзгор ба таълиму тарбияи 11 ҳазору 250 нафар хонанда машғул аст. Аз ҷумла, дар ноҳия як мактаб - интернати ҷумҳуриявии ятимони бепарастор арзи ҳастӣ дорад. Ҳамзамон, аз моҳи январи соли 2018 дар назди шуъбаи маориф маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо таъсиси 7 маҳфил ба фаъолият шурӯъ намуд. Рушди ҳаракати олимпӣ ва дарёфти истеъдодҳо ба зиммаи ин марказ вогузор мебошад. Бо  мақсади омода намудани кӯдакони то синни  7 - сола ба зинаи якуми таҳсилот, дар назди 13 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шудаанд. Ҷамъбасти рейтинги соли хониши 2017 - 2018 дар муассисаҳои таълимӣ муайян намуд, ки сифати хониши хонандагон беҳтар шудааст. Сатҳи дониши хонандагон дар соли хониши равон, дар маҷмӯъ 3,7 холро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои пешин баландтар аст.
- 870 нафар хатмкунанда тавассути Маркази миллии тестӣ ба коллеҷу донишгоҳҳо дохил шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ аз соли 1997  то соли 2018 аз ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин 414 нафар тариқи Квотаи президентӣ шомили донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни кишвар шуд. Хонандагоне, ки тибқи квота сазовори номи донишҷӯ мегарданд, таҳти назорати ҳамешагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифта, пайваста ба онҳо кумак расонда мешавад, - гуфт муовини раиси ноҳия Санам Ғаффорзода.
Дар соли хониши 2018-2019 барои муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 94 номгӯй китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, 29 номгӯй барномаҳои таълими фаннӣ (ба миқдори 790 нусха) ва 1730 ҷуфт либоси мактабӣ аз корхонаҳои ноҳия ва шаҳри Бохтар дастрас шуданд.
Дар 5 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия  29 бинои наву иловагӣ бо 4 ҳазору 750 ҷои нишаст сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. То Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 5 муассисаи таълимӣ бо 1550 ҷои нишаст бунёд хоҳад ёфт.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2018    №: 205    Мутолиа карданд: 880
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед