мулоқотҳо
Масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ гардид
24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Даниел Бертран эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Белгия, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи феврали соли равон ба имзо расида буданд ва мувофиқаҳои дигари сатҳу зинаҳои гуногун зоҳир карда шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз форуми якуми соҳибкорони Тоҷикистону Белгия, ки дар шаҳри Брюссел баргузор гашта буд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории васеъ ва расидан ба натиҷаҳои мушаххас форуми дуюми онҳо дар ояндаи наздик бояд дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад.
Гуфтугӯйи судманд оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ва ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2011