logo

фарҳанг

МАРГАРИТА ҚОСИМОВА: "ДУШАНБЕРО ҚАРИБ НАШИНОХТАМ"

Ҳамасола 16 октябр дар Тоҷикистон  Рӯзи кинои тоҷик таҷлил  мегардад. Бахшида ба ин рӯз  аз 16 то 20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳаштумин Кинофестивали байналмилалии “Дидор” баргузор гардид, ки он ба бузургдошти кинематографисти барҷастаи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида шуд.
Дар кинофестивал филмҳои коргардонҳои Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон  ба намоиш гузошта шуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур коргардонҳои шинохтаи кино Маргарита Қосимова, Асиф Рустамов, Темир Бирназаров ва муҳаққиқи соҳаи кино Ҳушанг Гулмаконӣ  дар академияи ВАО - и Тоҷикистон  бо кормандони воситаҳои ахбори омма  мулоқот анҷом дода, таассуроти худро доир ба ин фестивал баён доштанд. Ҳамзамон, атрофи вазъи кино дар Тоҷикистон, ташаккули он ва баланд бардоштани маҳорати касбии филмофарони тоҷик ибрози назар шуд.
Маргарита Қосимова  гуфт: «Баъди 25 сол бори нахуст аст ба Ватан - ба  шаҳри Душанбе меоям. Аз ободиҳое, ки тӯли ин солҳо шудааст, шаҳри азизам - Душанберо қариб ки нашинохтам. Ба гумонам садсола роҳи рушдро қадам задааст». Мавсуф ҳамчунин, аз хотираҳои худ ёдовар шуда, зикр кард, ки кинои тоҷик сол аз сол пеш рафта, дар маҳорат ва касбияти филмофарии ҳунармандон комёбиҳо ба назар мерасанд.
Бояд тазаккур дод, ки  ҳаштумин  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  16 октябр дар шаҳри Душанбе  дар «Хонаи кино»  (кинотеатри Зебунисо) оғоз гардида, дар доираи он  беш  аз 60 филми гуногунҳаҷм ба намоиш гузошта шуд.
Воқаен, кинои тоҷик фаъолияти худро 16 октябри соли 1929 оғоз намуда, дар зарфи 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор»   зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, аз ин шумора  9 филм пурра ва 12 – тояш  кӯтоҳметраж  мебошад.
Лола РИЗОӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 821
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед