logo

фарҳанг

МАВЛОНО - ВАСЛГАРИ ХАЛҚҲО ВА ТАМАДДУНҲО

Таҳти ҳамин унвон рӯзҳои 19 – 20 - уми октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Симпозиуми байналмилалӣ  баргузор гардид.
Симпозиумро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳаводорони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба ҳамоиши илмӣ хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки мутафаккир ва яке аз нобиғагони барҷастаи назми тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар Тоҷикистон гиромӣ медоранд. Осору афкори ӯ мавриди арҷгузорӣ ва омӯзиши пайваста қарор гирифта, ба хотири  гиромидошти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор мешаванд. Симпозиуми имрӯза низ аз қабили ҳамоишҳоест, ки барои дарки тафаккури Мавлоно мусоидат хоҳад кард. «Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин сабаб, баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои таҳқиқу омӯзиши Мавлоно ва осори гаронарзишу гуногунмавзӯи ӯ муҳим ва ба манфиат аст», - иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки Мавлоно дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст. Аз ин рӯ, таҷлили зодрӯзи ӯ ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон ва посдории хотири ӯ бо ташкили Урси Мавлоно дар моҳи декабр дар Туркия ба ҳукми анъана даромада, ба рамзи дӯстиву қаробати маънавии мардумони Тоҷикистону Туркия табдил ёфтааст. Ба ин маънӣ, симпозиуми имрӯза низ дар таҳкими ҳамкории фарҳангии ду кишвари дӯст нақши худро хоҳад гузошт. «Мавлоно ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб яке аз хонданитарин шоирони ҷаҳон дар Амрико дар ду даҳсолаи охир маҳсуб мешавад. Тарҷумаи асарҳои Мавлоно ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгор  ва осори ӯ пайваста бо теъдоди бузург нашр мешаванд. Фикр мекунам ин ба се омил вобастагӣ дорад: ба шахсияти хориқулодаи адабу ирфон будани Мавлоно, посухгӯи ниёзҳои маънавиву ахлоқии имрӯзу фардои инсоният будани олами андешаҳои ин орифи бузург ва рӯҳияи башардӯстонаю моҳияти инсонгароёна доштани осори Мавлоно», - тазаккур дод Н. Зоҳидӣ.
Сурейя Эр, ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) зимни суханронии худ ба ҷониби Тоҷикистон, махсусан ба Академияи илмҳои ҷумҳурӣ барои ташаббус ва саҳмашон дар доир намудани симпозиум изҳори сипос намуд ва зикр кард, ки шахсияти Мавлоно ва осори нотакрори ӯ кайҳо марзҳоро убур кардаву ба мероси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. «Дар Туркия ба шахсият ва олами тафаккури Мавлоно эҳтироми зиёд доранд. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния ба яке аз маконҳои муқаддас ва зиёратгоҳи хурду бузург табдил ёфтааст, ки ин аз бузургии андешаву таълимоти нобиға дарак медиҳад», - гуфт С. Эр.
Баъдан дар симпозиум масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Симпозиуми байналмилалӣ олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Олмон иштирок доштанд. Дар рафти симпозиум намоиши нусхаҳои қадимии осори мутафаккир  ва хаттотӣ дар васфи Мавлоно ташкил шуд, ки иштирокдорони ҳамоишро ба ваҷд овард.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед