logo

фарҳанг

"ЧОДАРИ ХАЁЛ". ҲАШТУМИН ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе 8 - умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз ёфт, ки аз 22 то 26 октябри соли ҷорӣ идома меёбад. Дар чорабинӣ муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов, директори дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории Тоҷикистон хонум Валуге Рос иштирок ва суханронӣ намуданд.
- Театрҳои лӯхтак дар рушди ҷаҳонбинӣ ва тахайюлоти эҷодкоронаи кӯдакону наврасон нақши муҳим дорад. Мо мебинем, ки «Чодари хаёл» на танҳо ҳунармандони театр ва саҳнаро муттаҳид мекунад, балки он барои намоиши бадеии дарду ормонҳои муштараки халқҳо мусоидат менамояд. Боз ҳам собит мешавад, ки санъат ва ҳунари асил сафири сулҳу субот дар ҳамаи давру замонҳост, - изҳор дошт Ибодулло Машраб.
Валуге Рос аз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария изҳори хушнудӣ намуда, гуфт: «Мо аз ҳамкории Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар баргузории ин чорабинии муҳим арзи сипос менамоем. Дар робита ба театри кӯдакон изҳор медорам, ки дунёи софу беғаши кӯдакон барои мо – калонсолон аксар маврид ҷадиду омӯзанда аст. Зеро дар гуфтору рафтору кирдори эшон ояндаи на чандон дури мо чун оина ҷило медиҳад ва моро масъулияту сабақҳои тоза мебахшад».
Фестивал бо намоиши «Дили модар» - и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Алама - Ато шурӯъ гардид. Муаллиф Е. Ионов, таҳиягар Антон Зайтсев ва ҳунармандони ботаҷрибаи қазоқ тавонистанд дарду доғи дили модарон ва аз оилаю арзишҳои волои оиладорӣ канора ҷустани ҷавонони муосирро нуктасанҷона ба намоиш гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур дар ду сол як маротиба гузаронда мешавад ва имсол театрҳо аз кишварҳои Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Дар чорабинӣ аз ҷумҳурии мо театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Бӯстон иштирок мекунанд.
Дар давоми ҳафта гузарондани дарсҳои маҳорат, суҳбату вохӯриҳои ҳунарӣ, тамошои осорхона, китобхона, ҷойҳои назаррабои пойтахти кишвар, конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Театрҳои лӯхтак ва тарбияи зебопарастии наврасон» ва дигар барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Бузургмеҳр САЛИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 823
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед