logo

фарҳанг

ШОҲИН – ШОИРИ БЕДОРУ РАВШАНГАР

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва адабиёти тоҷики асри ХIХ» баргузор гардид. Конфронс ба 160 - умин солгарди шоир бахшида шуда, дар он президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, директорони институтҳои соҳавӣ ва олимону шоирон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масрур Абдуллозода оид ба ҷойгоҳи шоир дар адабиёти тоҷик сухан гуфта, изҳор дошт, ки Шамсиддин Шоҳин аз рӯшанфикрони бедору боҷасорати асри худ буд.
- Аз осори гаронмояи ин суханвари бузург пайдост, ки ӯ бо ғояҳои баланди инсонпарварӣ мехост аз ҳуқуқу озодиҳои раияти заҳматкаш дифоъ намояд. Зеро ҳукуматдорони манғитӣ зулму истибдод-ро ба авҷи аъло расонда буданд. Заминаҳои инқилоби фикриро маҳз аз осори Шоҳин барин шоирон ҷустан равост. Чунки онҳо дар партави андешаҳои фардонигари Аҳмади Дониш дарк карда буданд, ки ҷомеа таҷаддуд ва ривоҷи тоза мехоҳад, - афзуд М. Абдуллозода.
Дар ҳақиқат, Шоҳин дар он замони каҷдорумарез на танҳо бо қалам, балки бо шамшери адолат низ муҷаҳҳаз мешуд. Махсусан, дар асари насрии худ «Бадоеъ - ус - саноеъ» амирону амалдорони даврро сахт зери тозиёнаи танқид гирифт ва камбуду костагиҳои кори эшонро ошкор намуд.
- Шоҳин аз зумраи он шоирон аст, ки ҳамагӣ 35 сол  ё мувофиқи баъзе аз маълумоти дигар, 36 сол умр дид, аммо дар ин муддати кӯтоҳ тавонист мақоми худро дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик таъйин намояд. Мероси гаронбаҳои ӯ – девони ашъор, «Лайлӣ ва Маҷнун», «Туҳфаи дӯстон» ва асари насрии «Бадоеъ - ус - саноеъ» далелҳои маҳками абадияти номи ӯст, - баён кард узви пайвастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҷӯрабек Назриев.
Бино ба гуфтаи ӯ, Шоҳин бо ғазалҳои марғубу дилошӯб ва тозамаънии хеш афкори ҷадиду рӯҳбахшеро дар зеҳнҳо бедор мекунад. Ғазалиёти ӯ дар заминаи ҳақиқату воқеияти зиндагӣ, шунидаву мушоҳидаҳои инфиродӣ, тахайюли шоирона, ҳикмату фалсафа, мазомини қуръониву аҳодиси набавӣ ташаккул ва ба дилу дидаҳо роҳ ёфтанд.
Аз ибтидои асри бистум то имрӯз беҳтарин оҳангсозони ватанӣ бар матни ашъораш оҳанг баставу устодони шашмақому фалаксаро ғазалҳояшро сурудаанд. Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Левӣ Бобохон, Акашариф Ҷӯраев, Фазлиддин Шаҳобов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Абдулло Назриев, Аҳмад Бобоқулов, Одина Ҳошим ва Зафар Нозим аз он ҷумлаанд.
Б. САЛИМОВ,
“Ҷумҳурият”


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 873
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед