мулоқотҳо
Сафири Канада ба Президенти Тоҷикистон эътимоднома супурд
24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулода ва мухтори Канада дар Тоҷикистон Стефан Миллар эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Стефан Миллар, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Канада баррасӣ гаштанд.
Пеш аз ҳама аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Канада дар соҳаҳои амнияту мудофиа ва безараргардонии мина ва дигар моддаҳои тарканда изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҳамзамон таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодии ду кишвар зарур шумурда шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ, ки ҳар ду кишвар дар онҳо имкону захираҳои фаровон ва таҷрибаи фарох доранд, дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯйи судманд оид ба авзои кунунии Афғонистон, ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Канада дар чаҳорчӯби нерӯҳои посдори сулҳ ва ҳамчунин доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1912