logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ СУХАН ДАР БОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН МЕРАВАД...

Таваҷҷуҳ ба таърихи давлатдории Тоҷикистон дар даврони таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ин амрро ба таври воқеӣ ба субот мерасонад, ки масъалаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози фаъолияти Пешвои миллат, аз ҷараёни баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Вобаста ба ин, даврабандии ташаккули сиёсати давлатии ҷавононро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки соли 1993 cурат гирифт, метавон муқаррар намуд, ки баъдан дар заминаи он ташаккул ёфтани раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа нақш ва ширкати ҷавононро муқаррар сохтааст.
Вақте сухан дар мавриди марҳалаи аввали ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ меравад, бояд таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун омили коҳиши вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ба эътибор гирифта шавад, ки албатта, он, пеш аз ҳама, ба ҳаёти ҷавонон аз ҳар ҷиҳат таъсири манфӣ расонд. Ин таъсир дар навбати аввал дар гумроҳшавии ҷавонон ва бар асари он талафоти зиёди ҷонӣ дидани ин насли фардосоз дар айёми ҷанги шаҳрвандист, ки, албатта, ба раванди татбиқи сиёсати мазкур то ҷое таъсиргузор омад.
Дар марҳалаи бадастории сулҳу субот бо азму иродаи қавӣ дар қатори насли калонсол ҷавонон низ дар бунёди давлати орому осоишта саҳми хеле муносиб гузоштанд. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон ҷавон адои хизмати ҳарбӣ карда, машғули ҳифзи марзу буми давлат мебошанд. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин рақам хеле кам, зимнан, ҳифзи комили кишвар аз қувваҳои берунӣ дар гумон буд.
Дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ сатҳи донишандӯзии ҷавонон ҳамасола боло меравад. Агар соли 1991 ҳафтод ҳазор нафар машғули таҳсил буданд, имрӯз шумораи онҳо ба 200 ҳазор нафар расидааст, яъне сатҳи донишомӯзии ҷавонон се маротиба зиёд гардидааст.
Бо шукӯҳи хосса таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки аз соли 1998 то кунун ҷараён мегирад, худ падидаи нодире ба шумор меравад, ки сиёсати давлатро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас ифода менамояд. Дар баробари ин, барои дастгирии ҷавонони болаёқат ҷоизаҳои махсуси илмӣ, аз ҷумла Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷоизаҳо дар риштаҳои илм, маориф, адабиёт, ҳунар таъсис ёфтаанд.
Инчунин, таъйини стипендияи президентӣ, стипендияҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба донишҷӯён низ дар радифи тадбирҳои ояндасоз ёд мешаванд. 
Бори аввал баъди бадастовардани истиқлолият дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳайё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буданд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор, пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба таҳсил, истироҳат, моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ кафолат медиҳад.
Пешвои миллат ба маврид зикр мекунанд, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
Зулфия САИДЗОДА,
судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Бахтиёр САМАДЗОДА, муовини сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо,
ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 883
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед