суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов, 22 октябри соли 2018
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони арҷманд!
Пеш аз ҳама, мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов дар муддати се соли охир, яъне баъди мулоқоти мову шумо дар маросими ифтитоҳи бинои қасри фарҳанг ба шарофати заҳмати аҳлонаи сокинони он хеле ободу зебо ва пешрафта гардидааст. Алалхусус, дар давоми солҳои охир бо кумаку дастгирии Ҳукумати мамлакат ва дар натиҷаи фаъолияти софдилонаи мардуми сарбаланду заҳматдӯсти ноҳия амалҳои ободониву бунёдкорӣ хеле вусъат пайдо кардаанд.
Дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 45 километр роҳҳои дохили ноҳия пурра таъмир гардида, чор корхонаи истеҳсолӣ ва 18 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта, ба истифода супурда шудааст. Инчунин, хати оби нӯшокии ҳудуди шаҳраки Меҳробод аз таъмир бароварда, кӯчаҳои он ва деҳоти Ғӯлакандоз пурра чароғон карда шудаанд. Барои анҷом додани корҳои зикргардида зиёда аз 21 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст.
Иншооту биноҳои навбунёде, ки имрӯз ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, аз ҷумла қитъаи шоҳроҳи Деҳмой - Маданият, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдакистон барои 240 нафар, коргоҳи истеҳсолии “30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ" ва маркази саломатии муосир, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, намунаи корҳои ободониву созандагие мебошанд, ки ба хеле обод шудани ноҳия мусоидат намудаанд.
Илова бар ин, мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2016 - 2020 татбиқи 82 лоиҳа ба маблағи 485 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи барнома аз солҳои 2016 то имрӯз бояд 60 лоиҳа ба маблағи умумии 157 миллион сомонӣ амалӣ мегардид. Вале, дар давраи зикршуда ҳамагӣ дар ҳаҷми 23 миллион сомонӣ кор иҷро шудааст ва зарур аст, ки доир ба иҷрои нишондиҳандаҳои барнома ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар карда шаванд. Зеро то анҷоми барномаи рушди ноҳия ҳамагӣ ду сол вақт мондааст.
Соли 2017 дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 169 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб яку ним баробар зиёд аст. Чунин раванд соли ҷорӣ низ идома пайдо карда, дар нуҳ моҳ маҳсулоти саноатӣ ба маблағи умумии 16 миллион сомонӣ зиёд истеҳсол шудааст.
Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки дар соҳаи саноати ноҳия як қатор мушкилоту масъалаҳое ҷой доранд, ки бидуни бартарафсозии онҳо рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таъмин кардан душвор мебошад. Вобаста ба ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорон фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияро тақвият бахшида, истифодаи самараноки майдонҳои истеҳсолӣ, иншооту биноҳо ва дигар иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳоро таъмин намоянд.
Азбаски нишондиҳандаҳои соҳаи саноати ноҳия, дар навбати аввал, аз фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон вобастагӣ доранд, роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки ҳамаи имкониятҳоро барои таъмин намудани фаъолияти мунтазаму босамари самтҳои зикршуда равона созанд. Ҳамчунин, зарур аст, ки бо дарназардошти фаровонии нахи пахта, дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хом барои масолеҳи сохтмон ба ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, аз ҷумла оид ба коркарди маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои иловагии кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, тибқи таҳлилҳо солҳои охир бомаром рушд ёфта истодааст. Тибқи маълумот то моҳи октябри соли ҷорӣ дар ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 500 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат оид ба афзун намудани майдони кишти зироатҳои сердаромаду воридотивазкунанда, аз ҷумла пахта, картошка ва сабзавот дар ноҳия чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Зарур аст, ки чунин раванди мусбат идома дода шавад ва масъулони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати таъмин намудани фаровонии ҳар чи бештари бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва содироти маҳсулот, аз ҷумла бо роҳи ташкили гармхонаҳо зиёд кардани парвариши сабзавот, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешанд. Зеро дар ноҳия барои боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кор имконияту захираҳо зиёданд.
Дар ноҳия бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дигар навъҳои косибиву кори хонагӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кор як силсила иқдомоти хуб амалӣ карда шудааст. Вале, таъкид месозам, ки дар ноҳия ҳанӯз шумораи қувваи қобили меҳнати бекор зиёд буда, аксари чунин шахсон барои машғул шудан бо кори доимӣ ба такмили ихтисос ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, роҳбарону масъулон вазифадоранд, ки ҷиҳати ташкили ҷойҳои кори нав ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинон чораҳои таъсирбахш андешанд.
Ҳозирони арҷманд!
Чанд сол пеш бо мақсади осон намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинони деҳот мо дастур дода будем, ки дар ноҳия як маркази замонавии тиббӣ бунёд карда шавад. Дар зарфи ду сол сохтмони бинои ин муассисаи тиббӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба анҷом расида, имрӯз ба истифода супурда шуд. Дар 21 ҳуҷраву озмоишгоҳҳои маркази саломатӣ тамоми шароити ҳозиразамони хизматрасонӣ ба аҳолӣ фароҳам оварда шудааст. Дар муассиса барои 34 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, ба туфайли ба фаъолият оғоз кардани муассисаи имрӯза сокинони деҳоти атроф аз сарфи маблағ ва вақти зиёдатӣ барои рафтан ба маркази ноҳияву вилоят озод шуданд.
Бо истифода аз фурсат, сокинони ноҳияро ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи нави тандурустӣ табрик гуфта, ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёд ва муҷаҳҳазгардонии иншооти мазкур саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Чун сухан дар бораи соҳаи тандурустӣ рафт, мехоҳам таъкид намоям, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, торафт мустаҳкам гардида, бунёди инфрасохтори соҳа сол ба сол вусъат гирифта истодааст. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Конибодом, Деваштич, Айнӣ, Мастчоҳ ва Ашту Кӯҳистони Мастчоҳ сохтмону азнавсозии даҳҳо беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ идома дорад.
Бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлат ва бо маблағгузории соҳибкорону тоҷирон, инчунин, аҳолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 267 иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Моҳи сентябри соли равон ҳангоми мулоқот ба муносибати Рӯзи дониш бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар бисёр масъалаву мушкилоти ҳалталаби соҳа, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳоро муфассал баён доштам ва такроран таъкид намудам, ки саломатии миллат бойигарии давлат мебошад.
Дар ҳамон мулоқот, ҳамчунин, хотирнишон сохтам, ки солҳои охир масъалаи воридот ва муомилоти дорувории қалбакӣ, пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта боиси нигаронии ҷиддӣ шудааст. Яъне, заҳмати табибон ҳамон вақт натиҷа мебахшад, ки, агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад.
Бинобар ин, аз ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ ва кормандони соҳаи тандурустии вилоят талаб карда мешавад, ки барои пешгирӣ кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат чораҳои қатъӣ андешанд. Ҳамзамон бо ин, сохторҳои дахлдорро бори дигар вазифадор менамоям, ки дар ин самт чораҳои иловагиро амалӣ созанд.
Ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат ва солимгардонии беморон яке аз роҳҳои кам кардани воридоти доруворӣ аз хориҷи кишвар ва баланд бардоштани самаранокии муолиҷа мебошад. Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешад.
Бовар дорам, ки ҷаҳду талош ва заҳмати ҳазорон нафар табибони вилоят барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани нишондиҳандаҳои мусоиди вазъи саломатии сокинон, алалхусус модарону кӯдакон, коҳиш додани бемориҳои сироятӣ ва беҳтар гардондани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳанд овард.
Ҳозирони гиромӣ!
Моро дар пеш Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ, яъне сисолагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон интизор аст. Барои мардуми тоҷик ин сана бисёр муқаддасу азиз мебошад. Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда таҷлил намудани ин ҷашни фархундаи миллӣ, рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвар ва боз ҳам ободу зебо гардондани сарзамини маҳбубамон заҳмати содиқонаи хешро дареғ намедоранд.
Тавре аз маълумот бармеояд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди ба имзо расидани Амри Президент дар ин бобат бунёд намудани 300 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб то имрӯз, аллакай, 34 иншоот сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Бунёд гардидани даҳҳо иншооту биноҳои наве, ки дар се соли оянда ба роҳ монда мешавад, бешубҳа, ба ҳусни шаҳраку деҳоти ноҳия ҳусни тоза зам намуда, дар ҳалли мушкилоти зиёди сокинон мусоидат мекунад.
Таъкид менамоям, ки нақшаи тасдиқшуда ниҳоӣ нест ва соҳибкорону тоҷирон, дигар шахсони ҳимматбаланди ноҳия метавонанд боз кӯдакистону мактабҳои нав, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ бунёд намоянд, роҳу пулҳои маҳалҳои аҳолинишинро таъмиру навсозӣ кунанд ва бо ҳамин восита барои ҳамдиёрони худ садҳо ҷойи иловагии кор муҳайё созанд. Дар ин раванд, муҳим аст, ки ҳар як оила саҳм гузошта, ободиро аз хонаву кошона ва кӯчаву маҳали зисти худ оғоз намояд.
Бовар дорам, ки сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Ҷаббор Расулов чун ҳарвақта сиёсати Ҳукумати мамлакатро самимона дастгирӣ намуда, дар роҳи ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз дар оянда низ аҳлона заҳмат мекашанд ва Ҷашни мубораку муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Дар ин роҳи пуршараф ба ҳамаи шумо, ҳозирони арҷманд ва тамоми сокинони ноҳия зиндагии орому осуда ва барору комёбӣ орзумандам.
Доим сарбаланду саодатманд бошед, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2018 №: 206 Мутолиа карданд: 1124