мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Асад Абдул Муним Алӣ Асадро ба ҳузур пазируфт
23 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулода ва мухтори давлати Фаластин дар Тоҷикистон Асад Абдул Муним Алӣ Асад эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластин баррасӣ ёфтанд.
Асад Абдул Муним Алӣ Асад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пуштибонии доимӣ аз матлаби одилона ва ҳуқуқҳои эътирофшудаи мардуми Фаластин дар сатҳи байналмилалӣ арзи сипос намуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки «дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи ҷонибҳо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тариқи музокирот роҳи мақбули ҳалли қазияи Фаластин дарёфт хоҳад шуд».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1866