мулоқотҳо
Вохурии Эмомалӣ Раҳмон бо Сироҷиддин Ҳомид Юсуф
25 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Судон дар Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сардори давлат бо Сироҷиддин Ҳомид Юсуф масъалаҳои ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Судон баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳандозӣ ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Судон, ки калонтарин кишвари африқоӣ аст, изҳори ҳавасмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт:
- Кишвари бостонии мо бо кишварҳои арабии Африқо равобити дерини таърихӣ ва фарҳангӣ дошт ва мо ният дорем, ки онро дар шароити муосир дар сатҳу асоси ҷадид эҳё намоем.
Бо ёдоварӣ аз муносиботи наздики Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ барпо намудани заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Судон низ зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва роҳҳои ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаи Дарфури Судон сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2120