logo

ҳуқуқ

ЭҲТИЁТ! ИНТЕРНЕТ ВАСИЛАИ ОШНОӢ БО ТЕРРОРИЗМ

Ҳаросафканӣ (терроризм)  шеваю усулест, ки тавассути он як гурӯҳ ва ё ҳизбе мехоҳад ба аҳдофи аслии худ тавассути аъмоли хушунатбор ва зӯроварӣ расад. Тибқи маълумоти коршиносон, ҳаросафканӣ сиёсатест, ки ба истифодаи муназзам ва мукаррари террор алоқаманд аст.
Шурӯъ аз нимаи дувуми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI  мушкили  ҷомеаи ҷаҳонӣ - бунёдгароӣ, иртиҷоъпарастӣ, ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ  шуда мондааст. Ҷиҳати  ба ғаразҳои сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ муваффақ  шудани гурӯҳу созмонҳои ҳаросафкану ваҳшатзо аз эътиқодоти динию мазҳабии шаҳрвандон ва иродаи заифи баъзе ашхос суистифода карда, сиёсатҳои давлатҳои алоҳидаро доғдор намуданӣ мешаванд. Ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ аз падидаю зуҳуроти номатлубтаринанд, ки дар таърихи инсоният аз худ паёмаду оқибатҳои ногувор ба ҷо мондаанд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон бо иродаи қавӣ, ақлу заковат ва сиёсати хирадмандонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пеши роҳи ин падидаю зуҳуроти сироятию номатлубро бигирад. Ҷилавгирӣ кардан аз ҳаросафканию ифротгароӣ  яке аз омилҳои муҳими ҳифзу нигоҳдошти  ваҳдати миллӣ, сулҳу  суботи ҷомеа ва рушди давлат маҳсуб меёбад.     
Имрӯз роҳу усул ва шеваҳои ҳаросафканӣ, хушунату зӯроварӣ на фақат нисбат ба ҳукуматдорон ва ҳокимиятҳо, балки алайҳи аҳолии осоишта ва бедифоъ нигаронда  ҳам мешаванд. Ҳамин тариқ, ниҳоятан тавассути воситаҳои ахбори омма ба ҷомеа   ангезаю омилҳои аъмоли ҳаросафканӣ пешниҳод карда мешаванд ва шарту шароитҳои қатъу рафъи он низ муқаррар мегарданд.
Ахиран, террористон аз шабакаи ҷаҳонии интернет ба тариқи васеъ истифода бурданро пешаи худ қарор додаанд. Тавассути ҷамъоварии маълумот оид ба ҳадафи эҳтимолӣ, аксу тасвирҳои макон ва мавқею ҳадаф ва тавсифоти онро ба роҳ монданд. Ҳатто, тавассути интернет террористон ҷамъоварии маблағу васоити молиётиро ба роҳ мемонанд. Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки террористон дар сомонаҳои интернетӣ суратҳисобҳои бонкии худро дар мамолики хориҷӣ ҷиҳати ҷамъоварии маблағ сабт ва пахш кардаанд. Интернетро террористон ҳамчун ташаббус ва ибтикори ба роҳ мондани терроризми рӯҳию равонӣ (психологӣ) ҳам истифода мекунанд. Аз интернет, масалан, террористон чун восита ва василаи пахшу густариш додани овозаҳои даҳшатзо ва номуназзамию бетартибиҳо истифода мекунанд. Интернет бо назардошти чунин ҷанбаю вижагиҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст: дастрасии умумӣ, танзиму маҳдуднамоии нисбӣ, назорати нопурраи давлатӣ, теъдоди зиёди баҳрабарон дар тамоми ҷаҳон, равобити пинҳонӣ (бидуни ному насаб), паҳну пахши иттилоот, арзиши арзони созмондиҳии сомонаҳою торнамоҳо, имкони ҷой додани аксу тасвирҳои наворӣ ва ғайра.
Баъзан, коршиносоне ҳам вомехӯранд, ки ҳаросафканию ифротгароиро сирф ба дини мубини ислом рабт медиҳанд, ки ғалат аст.
Сарвари давлат ҳамеша таъкид месозанд, ки террорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад.
Ҳарчанд то дараҷае муғризон аз ҳар гуна дорую даво ва таблиғоту ташвиқоту шеваю усулҳои махсуси худ кор мегиранд, ки дар баъзе кишварҳо ҳаросафканон ҷиҳати ба ғарази хеш расидан, худро метарконанд.  Ҳайратангез боз дар баробари ин, он нукта аст, ки таълимоти ислом худкуширо ба ҳар навъе, ки бошад, маҳкум кардааст. Дар ҳадиси Паёмбари акрам (с) омадааст: «Шахсе, ки худро дидаю дониста ба ҳалокат мерасонад, тавассути  будан ба тариқи доимӣ дар ҷаҳаннам муҷозот хоҳад шуд!».
Имрӯз ва  минбаъд  зарурате  моро  пеш  омадааст, ки атрофи  сиёсати  дурандешонаю  мунсифона,  ободкоронаю  хирадмандонаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бештар аз пештар муттаҳидтар гашта, дар ҷомеаи тоҷикон ин падидаю зуҳуроти номатлубро решакан намоем.
Ҷумъахон АЛИМӢ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2018    №: 207    Мутолиа карданд: 867
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед