logo

фарҳанг

САМАРҚАНД. ШАҲРЕ БО СИМОИ ОРИФОНА

Бо убур кардани марзи давлатӣ ба куҳаншаҳри ҳамешаҷавон – Самарқанди бостон ворид мешавем, ки ҳанӯз 1000 сол қабл маркази илму маърифат ва тамаддун маҳсуб меёфт. Шаҳре, ки дар ҳар зарраи хок ва дару девораш таърихи муштараки халқҳои тоҷику ӯзбек сабт аст. Шаҳре, ки дар ҳар қадам “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён” садо медиҳаду ҳар фарди он бо нигоҳи пур аз меҳр, ки солҳо мунтазири дидори навбатӣ буданд, зери оҳанги пуршевани “Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд” пешвозат мегиранд ва шукри эҳёи дубораи риштаҳои дӯстии чандинасра мекунанд, ки бо ибтикори сарварони ду давлат – Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба миён омад.
Боздиди ҳайати зиёда аз 20 - нафараи мо аз ин шаҳри таърихӣ дар доираи ҷамъбасти озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сурат гирифт, ки хеле хотирмон буд. Сайри мо нахуст аз майдони Регистон оғоз ёфт, ки ин мавзеъро қалби Самарқанди куҳан низ меноманд. Он яке аз зеботарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо шаҳомату зебоӣ ва санъати баланди меъмориаш қалбҳоро тасхир кардааст. Маҷмаи Регистон аз 3 мадраса иборат аст, ки онҳо дар давраҳои гуногун ва бо тарҳи миллӣ сохта шудаанд. Мадрасаи Улуғбек қадимтарини онҳо ба шумор рафта, маркази маданӣ, маърифатӣ ва фарҳангии асри XV буд. Он тӯли солҳои 1417 – 1420 бунёд ёфта, то ҳол дар шакли аввалаи худ нигоҳ дошта мешавад. Ин боргоҳи илм аз бузургтарин донишгоҳҳои исломӣ низ буд, ки дар он донишмандоне чун Ҷомиву Навоӣ дарс мегуфтанд. Ҳамчунин, мадраса макони вохӯриву мулоқоти пайвастаи устоду шогирд буд. Дар қисмати ғарбии майдони Регистон мадрасаи Шердор қомат афрохтааст, ки солҳои 1619 – 1636 сохта шудааст. Дар байни ин ёдгориҳо мадрасаи Тиллокорӣ, ки соли 1646 бунёд гаштааст, ҷолибу назаррабост. Зеро меҳробу минбар, сутун ва деворҳои он бо оби тилло оро ёфтаанд. Бо дидани ин ҳама, кас бори дигар бовар ҳосил мекунад, ки ин мулк сарзамини илму ирфон асту маркази тамаддун. Ва шумораи зиёди сайёҳон далели он аст, ки ин меъмории муҳташам дар маркази таваҷҷуҳи оламиён қарор дорад.
Дар баробари ин, барои сайёҳон, махсусан барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ, зиёрати хонаи устод Айнӣ, ки дар қисмати марказии кӯчаи Регистон воқеъ мебошад, азизу муқаддас аст. Манзиле, ки, ба ибораи академик Бобоҷон Ғафуров,  дар он падари миллати тоҷик устод Садриддин Айнӣ 35 сол зиста, асарҳои мондагореро чун “Одина”-ву “Мактаби кӯҳна” ва “Ғуломон”-у “Ятим” иншо кардаанд.
Ҳавлии устод аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввали он охири асри XVIII ва аввали асри XIX бунёд ёфта, қисмати дувумашро соли 1930 худи устод сохтаанд. Бо сайри саҳни ҳавлӣ ба ҳуҷраи кории устод ворид мешавем. Ба ҳуҷраҳои бо тарҳи хеле сода сохташуда нигоҳ афканда, устодро як лаҳза саргарми кор дармеёбам, ки барои “Овози тоҷик” перомуни забони тоҷикӣ мақолаи тоза иншо менамоянду бо ин роҳ мардумро ба матбуот ҷалб месозанд, ба таълифи китоб машғуланду нигоштаҳои навқаламонаи шогирдонашонро таҳрир мекунанд. Барои навиштани “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки баъдҳо шиносномаи миллати тоҷик шуд, мавод ҷамъ меоранд ё ба дӯстонашон нома менависанд. Ҳамин хел манзараҳо аз пеши чашмамон мегузаранд ва бо ҳаяҷону изтироб ба дару девори хонаи устод назар дӯхта, аз дарвозаи он берун мешавем. Моро роҳбаладон ба кӯчае мебаранд, ки ба номи Садриддин Айнӣ гузошта шудаасту замоне он ҷо худи устод боғ бунёд карда будаанд. Ҳоло дар он филиали Академияи илмҳои Турон ҷойгир аст, ки Фарҳод Ахмедов сарварии онро ба уҳда дорад.
- Дар ин макон боғи калоне буд, ки ба устод Айнӣ тааллуқ дошт. Устод дар рӯзҳои гарми тобистон ба ин ҷо омада, дар сояи дарахтони канори ҳавз ба эҷод машғул мешуданду дӯстон ё шогирдонашонро қабул мекарданд, - иброз дошт Фарҳод Ахмедов.
Бо дидани ин мавзеъҳо ва зиёрати оромгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳр ҷойгир аст, сафарро идома медиҳем. Роҳбаладон аз таърихи куҳани шаҳри азим нақл мекунанд, ки он яке аз нуқтаҳои муҳимтарини Роҳи бузурги Абрешим ба ҳисоб рафта, Чинро бо баҳри Миёназамин мепайваст. Ҳамзамон, шаҳр аз бузургтарин маркази илмии Шарқи асримиёнагӣ маҳсуб меёфт ва имрӯз бо ёдгориҳои беназири таърихиаш, аз ҷумлаи оромгоҳҳои Шоҳизинда, Гӯри Амир, Бибихонум, Хоҷа Дониёр, Абумансур Матридӣ, масҷидҳои Ҳазрати Хизру Кук, расадхонаи Улуғбеку шаҳраки Афросиёб  таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб кардааст. Самарқанд бо ин ва даҳҳои дигар иншооти таърихиаш соли 2001 ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил шуд.
Бо қалби лабрез аз фараҳу шодӣ шаҳрро сайр мекунем. Мисле  ки дар Ватани худамон гаштугузор дорем. Зеро ҳар сокини Самарқанд тоҷикӣ ҳарф мезанаду тоҷикона пешвозат мегирад. Ба гирди дастархони пурнозу неъмати самарқандиён менишинему аз пазироии гармашон ба ҳайрат меоем. Ин қадар меҳр, ин қадар самимият... Гӯё устод Рӯдакӣ бо уди эъҷозофаринаш дилнавозу дилситон гирди хони мо ҳозир мешавад ва бо онҳое, ки “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён”- ро замзама мекарданд, ҳамовоз мегардад. Ҳамин тариқ, боз роҳ ҷониби Панҷакент мегирем ва ин мисраъҳои устод Лоиқ маро ёд меояд:

Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,
Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.
Аз Бухоро бар Душанбеи шариф,
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме. 
 

Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2018    №: 208    Мутолиа карданд: 869
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед