logo

маориф

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. АЗ ИБТИКОР ТО ИФТИХОР

Ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон нест соҳае, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд… Аз ҷумла, ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳамчун муқаддима омадани ин суханҳои пурифтихори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи хосро дар пай дорад. Чун Роҳбари давлат хамткардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд, пас имрӯз ҳар як хатмкардаи ин донишгоҳ бамаротиб  бояд аз он ифтихор намояд, ки замоне ин даргоҳро  Пешвои муаззами миллат хатм кардаанд.
Ҳафт даҳсоларо паси сар кардани донишгоҳ маънии онро дорад, ки ин даргоҳи муҳташами илму маърифат дар тарбияи чандин насл нақш гузоштааст. Дар ҳақиқат, соли 1948 дар ҳаёти  илму маорифу фарҳанги ҷумҳурии мо рухдоди бузурге ба амал омад. Заминаи он 21 марти соли 1947 гузошта мешавад, ки қарори Шӯрои вазирони ИҶШС оид ба таъсис додани Университети давлатии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мавриди зикр аст, ки дар таъсиси ин донишгоҳ нақшу талоши роҳбари онзамонии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров шоиста мебошад. Маҳз бо ташаббуси ӯ аз ҷониби КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ба вазири мактабҳои олӣ муроҷиат карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои ташкили донишгоҳ мусоидат намоянд.
Аввалин ректори донишгоҳ олими шинохта Зариф Раҷабов интихоб гардид. Моҳи августи соли 1948 донишгоҳ 250 нафар донишҷӯро пазируфт.
Дар соли аввали таъсис донишгоҳ ҳамагӣ се факултет дошт, ки аз рӯи барномаҳову нақшаҳои таълимии аз ҷониби Москва пешниҳодшуда фаъолият мекарданд. Зариф Раҷабов ба ин даргоҳ беҳтарин устодону олимонро ҷалб кард.  Аз ҷумла, Михаил Степанович Андреев ва Александр Александрович Семёнов аз ҷумлаи нахустустодоне буданд, ки дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ манзалату нуфуз доштанд. Ҳамин тавр, дар аввалин соли таъсис донишгоҳ бо се факултаву сенздаҳ кафедра ба таълиму таҳқиқ оғоз кард.
Дар ташкили ДДТ (УДТ) марказҳои бузурги илмиву таълимии Иттиҳоди Шӯравӣ ба монанди ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Санкт - Петербург, Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон нақш доштанд. Дар ин самт ёрмандию мусоидатҳои нахустин донишкадаи олии Тоҷикистон – Институти омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченкоро алоҳида қайд кардан зарур аст. Донишгоҳи навтаъсис дар кӯтоҳтарин фурсат неруи худро қавӣ намуд. Дар ҷалби устодону олимони варзидаи марказҳои бузург ва кадрҳои маҳаллӣ роҳбарияти донишгоҳ кӯшишҳои зиёд кард. Профессорони шинохта А. А. Семёнов, М. С. Андреев, В. А. Ратсиборский, С. Ф. Машковтсев чун роҳнамои олимону мутахассисони маҳаллӣ бо садоқатмандӣ дар тарбияи кадрҳо ҳисса мегузоштанд. Ш. Ҳусейнзода, Б. Ниёзмуҳаммадов, Ҳ. Каримов, Ф. М. Меринг, М. Ш. Шупикова, К. А. Богомолова, Ф. С. Павлюк, К. Н. Гаврилкин, С. Д. Арзуманов, Т. Каримов ва дигарон аз нахустин олимону устодони маҳаллӣ ба шумор мерафтанд. Заминаи илмиву таълимӣ бо низоми хос қавӣ мегардид. Чунончӣ, дар давоми солҳои ректории З. Раҷабов (1948 - 1954) дар шӯроҳои дифои донишгоҳ 30 унвонҷӯй, ки бештаринашон аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ буданд, рисолаҳои худро дифоъ карданд. Соли 1951 аввалин конфронси илмии донишҷӯён баргузор гардид ва шоҳроҳи илму таҳқиқи донишгоҳро асос гузошт.
Донишгоҳ соли аввал бо душворӣ дар бинои донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият мекард. Соли 1949 бинои собиқ кумитаи ҳизбии вилояти Сталинобод ба ихтиёри донишгоҳ дода шуд, ки то ҳол ҳамчун симои донишгоҳ бо номи бинои марказӣ барои мо маълум аст. Инкишофу камол ёфтани ин даргоҳи имрӯз бузургу муқаддаси миллат осон набуд. Ҳамаи дарсҳо дар ин бино дар се баст аз соати ҳашт то бисту сеи шаб идома меёфт. Бо гузашти вақт, барои донишҷӯёну аспирантону устодони донишгоҳ хобгоҳҳо бунёд гардиданд. Теъдоди донишҷӯёну устодону муҳаққиқон сол то сол меафзуд. Агар дар соли нахустини таъсис донишгоҳ ҳамагӣ 250 нафар донишҷӯ дошта бошад, дар соли таҳсили 1970 - 1971 ин теъдод то ба 12467 нафар расид, ки яке аз солҳои сердонишҷӯтарин будани ин донишгоҳро нишон медиҳад. Дар давоми фақат даҳ соли аввали фаъолияти шӯроҳои ҳимоя (1951-1960) 1032 нафар рисолаҳои худро дифоъ карда буданд. Донишгоҳ дар таҳқиқу пажӯҳиш мустақил мегашт ва шӯрои илмии донишгоҳ аввалин маротиба соли 1952 унвони профессориро ба С. Юсуфова дод.
Роҳбарони донишгоҳ бо донишу маҳорату кордонии худ дар пешрафту шукуфоии донишгоҳ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Аввалин ректори донишгоҳ Зариф Раҷабов  бо ҳамроҳии ноибони худ олимони шинохта С. Табаров ва Н. К. Гаврилкин пойдевори ташаккули донишгоҳро гузоштанд. Баъдан, дар солҳои гуногун ректорҳои дигари донишгоҳ Ибодулло Назриқулов (1954 - 1956),  Солеҳ Раҷабов (1956 - 1971), Пӯлод Бобоҷонов (1971 - 1982), Талбак Назаров (1982 - 1988), Исмоил Давлатов (1988 - 1990), Фозил Тоҳиров (1990-1995), Ҳабиб Сафаров (1995 - 2001), Ҳайдар Сафиев (2001 - 2005), Саидмуҳаммад Одинаев (2005 - 2008), Нуриддин Саид (2008 - 2012) ва Ҳаёт Одинаев (соли 2012) роҳбарии ин муассисаи бузургро бар дӯш доштанд.
Истиқлолияти кишвари маҳбубамон ба донишгоҳи азизамон низ болу пар бахшид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 ин боргоҳи муқаддас Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Теъдоди факултету кафедраҳо афзоиш ёфт. То соли 1990 донишгоҳ ҳамагӣ 13 факултет дошт. Имрӯз бошад, дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Фақат дар солҳои 1990 - 1995 теъдоди шӯроҳои ҳимоя аз 5 то 11 адад афзуд. Дар донишгоҳ 24 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил доранд. Ҳудуди ҳазор нафар устодони дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд. Имрӯз дар донишгоҳ 13 академик, 14 узви вобаста, 152 профессор ва 525 дотсент фаъолият доранд, ки аз иқтидори бузурги донишгоҳ дарак медиҳад.
Донишгоҳи миллӣ бо 170 муассисаи таълимию илмии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо кишварҳои Афғонистон, Покистон, Лаос, Ветнам, Чин, Австралия, Олмон, ИМА, Россия, Белорусия ва дигар кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико робитаҳои судманди донишгоҳ барқарор аст. Чандин роҳбарони давлатҳои дуру наздик дар замони истиқлолият меҳмони фахрии Донишгоҳи миллӣ шудаанд.
Имрӯз мактабҳои илмӣ дар соҳаи химия, биология, геология, физикаву математика, педагогика, фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва таърих, филология, шарқшиносӣ ва журналистика амал менамоянд, ки аллакай ба шоҳроҳи бузурги таълимиву илмӣ табдил ёфтаанд. Ҳоло дар назди ДМТ институти илмию тадқиқотӣ, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, литсейи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ, нашрияи донишгоҳӣ, маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, матбаа ва амсоли он амал менамоянд, ки маҷмӯан иқтидору неруи донишгоҳи муқтадири ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.
Сарафрозиву шарафмандии мост, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти роҳбарияшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беандоза доранд. Чандин маротиба меҳмони донишгоҳи азизамон гаштаанд ва суҳбату мулоқоти самимонаро бо донишҷӯёну устодони ин даргоҳ анҷом додаанд. Маҳз бо ёрмандиву мусоидати Пешвои миллат донишгоҳ соҳиби хобгоҳҳои замонавӣ ва биноҳои нави таълимӣ гардид. Донишгоҳ имрӯз маркази тавонманди идеологӣ ба ҳисоб меравад. Дар рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа нақши бузург мебозад.
М. ИМОМЗОДА, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
академик


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2018    №: 210    Мутолиа карданд: 1407
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед