энергетика
РОҒУН. ШАҲР БА ФАСЛИ САРМО ОМОДА АСТ
Барои таъмини фаъолияти самарабахш ва мунтазами ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019» корҳои тайёрӣ ба роҳ монда шуданд.
Исмоил Раҳимзода, муовини якуми раиси шаҳр, гуфт, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар идораи шабакаҳои барқии шаҳр то ин давра, корҳои азназаргузаронӣ ва таъмири ИТ, ЗТК - ҳо, ивази оиқҳои корношоям, баробар тақсим намудани бори трансформаторҳо ва ченкунии бори мавсимии онҳо, иваз намудани ҷудокунакҳои 0,4 кВ ва симчӯбҳои корношоям ба анҷом расиданд. Ҳамчунин, дар ин муддат аз тарафи кормандони шуъбаи барқ хати интиқоли барқи баландшиддати 10 кВ - и эҳтиётӣ аз зеристгоҳи 110/35/10 «Оби Гарм то маркази шаҳри Роғун» ба масофаи 8 километр сохта ба истифода дода шуд, инчунин, зиёда аз 110 симчӯб, 18 километр ноқили алюминӣ, 400 оиқ насбу васл карда шудаанд.
Дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 55 литр равғани молиданӣ захира шуда, 3000 литр сӯзишвории дизелӣ харида мешавад. Инчунин, аз тарафи КВД «СОКО ва ХМК» барои гузарондани мавсими сармо маводи омехтаи зиддилағжиш, аз ҷумла 20 тонна намак, 140 метри мукааб қум ва барои безараргардонии оби ошомиданӣ 600 килограмм хлор захира шудааст.
Барои гузарондани мавсими сармои имсола дар роҳҳои шаҳр 7 техникаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард омода буда, 65,3 ҳазор метри мураббаъ роҳ тахту ҳамвор гардонда шудааст.
Баробари корҳои таъмирӣ барои фурӯши ангишт 3 нуқта, гази моеъ 5 ва фурӯши сӯзишворӣ 9 нуқта фаъолият менамоянд, ки ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон басанда аст.
То ин давра корҳои ободонию рангуборкунӣ низ вусъати тоза ёфта, зиёда аз 1,5 ҳазор метри мураббаъ боми хонаҳои баландошёнаи шаҳр таъмир шуданд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.10.2018 №: 211 Мутолиа карданд: 13466