logo

фарҳанг

МУЪҶИЗА. БАРДОШТ АЗ ТАМОШОИ БАРНОМАИ КОНСЕРТИИ ХОСИЯТ ОЛИМОВА

Чанде пеш дар барномаи консертии Хосият Олимова, фортепианонавози номвари тоҷик, дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ ширкат варзидем ва бори дигар боварамон бар он афзуд, ки санъат ва ҳунар марзу миллат надорад ва яксон дилҳоро ба таҳрик меорад.
Хосият хосияти мусиқии асилро барвақт дарк кардааст. Ӯ медонад, ки ҳар як асари санъат бояд аз дил чу насим оҳистаю накҳатбор бархезад ва дилҳои мардумро ангезаи ишқу муҳаббат бахшад.
Барномаи эҷодӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гузашт. Хуҷастагии консерт аз он буд, ки дар он меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ иштирок доштанд. Онҳо ҳама ба хотири истеъдоди як бонуи ҳунарманди тоҷик роҳҳои дарозро тай карда омаданд.
Хосият бо ангуштони наҳифу нармаш рӯи тугмаҳои сиёҳу сафеди роял мусиқӣ менавишт. Ангор, ангуштонаш хома буданду роял коғази ӯ. Ин муъҷиза аст, вақте аз ҳаракатҳои мавзуну муназзами ангуштони инсон мусиқӣ метаровад. Чун оби шаффофи чашмаҳо ҷорӣ шуда, дилҳоро шодоб мекунад.
Ба тамошобинон назар мекардаму медидам, ки аксарият чашмони худро пӯшида, гӯш ба мусиқии дилнавоз медоданд. Ӯ нахуст мусиқии дилнишинеро аз эҷоди худаш навохт ва баъдан бо оркестри калон асарҳои мондагори Бетховен ва Мотсартро бо санъату маҳорати воло иҷро намуд. Хориҷиҳо ҳама масти мусиқӣ шуданд. Дар Тоҷикистон гӯш кардани чунин осори классикии ҷаҳон барои онҳо завқу кайфияти дигар дошт, албатта.
Аҷиб аст, ки чанде аз бонуҳои зебои рус ашк рехта, рӯмолчаҳои худро аз ҷайб бароварданд. Бале, ҳунари асил бояд хандонад, гирёнад, хотираҳои талху ширинро бедор намояд ва ниҳоят аз инсон будани инсон ҳар замон ёдовар шавад.
Дар ҷамъбасти консерт ректори Консерваторияи миллӣ, профессор  Фароғат Азизӣ аз байни тамошогарон бархоста, Хосиятро ба оғӯш кашид. Ҳаяҷону эҳсоси Хосиятро ҳадду канор набуд. Дӯстони русу амрикоию аврупоияш низ ӯро хуҷастабодӣ карданд. Ҳунарманди мо бо ҳиссу ҳаяҷон, табассуми хос ва одобу тамкини тоҷикона ҳарф мезад, гоҳ инглисиву гоҳ русӣ ва гоҳ шӯхиҳое бо забони фаронсавӣ армуғон карда, меҳмонони раҳдурашро хайрамақдам мегуфт.
Мухлисону шогирдон ва кормандони эҷодии Консерваторияи миллӣ ӯро ҳалқапеч карда, ба суҳбат мекашиданд. Чашмони Хосият дурахше дошт, ки ба андешаи мо, кам иттифоқ меафтод чунин шодии беканор.
Ӯ гӯё ҳамон рӯз гулдаста не, зару зевар, табассуму кафкӯбӣ не, тиллову нуқра, табрику шодбошӣ не, лаълу гуҳар ёфт. Барои ӯ бас буд ҳамин самимияту дардошоноии мухлисони ҳақиқии мусиқӣ…
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият» 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2018    №: 212    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед