logo

туризм

РӮШОН - ДИЁРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Рӯшон диёри ҳунарҳои мардумӣ аст. Ин ҷо миёни кӯҳсорони сарбафалаккашида кам касеро бекору беҳунар меёбед. Халқ бо завқу мароқи зиёд маҳсулоти дастӣ меофаранд ва пешаи гузаштагонро аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Намоиши  ҳунарҳои  мардумие, ки дар майдони варзишии деҳаи Деҳрӯшон ва тарабхонаи “Наим” доир  гардид, ин  фикрро  куллан исбот  намуд.
Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ин нахустин намоише буд, ки ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ҳунарҳои мардумии худро пешкаши иштирокдорони бешумори чорабинӣ гардонданд. Маҳз ҳамин ҳамоиш ба  пешрафти кор дар  ин  самт такони тоза бахшида, пешниҳоди дастранҷи ҳунармандони мардумӣ дар бозорҳои ноҳия  ва маркази  вилоят рӯ ба афзоиш ниҳод.
Минбаъд, маъракаву чорабиниҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллиро намоиши ҳунарҳои мардумӣ зебу зиннати тоза бахшиданд. Ҳунармандони ноҳия маҳсули дасташонро ба рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ бурда, аз ҷониби тамошобинон баҳои баландро сазовор гардиданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри боз ҳам ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорону ҳунармандони маҳаллиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Соли равон дар деҳаи Даржомч корхонаи хурди бофандагӣ  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  мегирад, ки  барои ташкили он Ҳалима Чоршанбиева соҳиби Гранти президентӣ гардид. Фаъолияти ин корхона имкон медиҳад, ки ҷӯробҳои бартангӣ, ки миёни мардум маҳбубияти хос доранд, зиёдтар истеҳсол карда шавад. Ҳадаф  аз  ташкили  чунин  корхонаҳо  на танҳо афзоиши истеҳсол, балки ташвиқи ҳунарҳои  мардумӣ мебошад. Воқеан, сайёҳони хориҷӣ ба ҷӯробҳои  бартангӣ, ки  бо  нозукиҳои  худ  аз  ҷӯробҳои дигар  минтақаҳои  Бадахшон  фарқ  мекунанд, таваҷҷуҳи махсус доранд.
Маълум  аст, ки  ноҳияи  Рӯшон дар   Бадахшон  бо боғҳои  худ, бахусус  тутзоронаш  машҳур аст. Бо  мақсади  муаррифии  бештари ин меваи лазиз ва маҳсулоти аз он таҳияшуда дар боғи марказии деҳаи Барӯшон нахустин ҷашни ин меваи биҳиштӣ - Иди тут доир гардид. Намояндагони ҷамоатҳои деҳот намудҳои гуногуни тут, маҳсулоти  хӯрокворӣ  ва  дорувории дастии аз меваи тут омодакарда, асбоби мусиқиву ашёи аз чӯби тут тарошидашударо  манзури ҳозирин гардонданд. Тантана собит сохт, ки мардуми кӯҳистон аз даврони қадим тахайюлоти бой ва истеъдоди нодиреро доро ҳастанд.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳунармандони тоҷик имконият пайдо намуданд, ки бо сарулибос, созу асбоби  мусиқии миллӣ, рақсу суруди мардумӣ  дар саҳнаҳои бошукӯҳи мамолики мухталифи  дунё ҳунарнамоӣ карда, дили  оламиёнро тасхир  намоянд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  азбайнравии баъзе аз ҳунарҳои бостонии халқро ба инобат гирифта, барои эҳё ва  рушди ҳунарҳои  миллӣ ташаббуси нав – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро роҳандозӣ карданд.
Имрӯз дар ноҳия 72 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 10 хонаи фарҳанг, 16 клуби деҳот, 1 театри халқӣ мавҷуд мебошад, ки дар назди онҳо  маҳфилҳои рақс,  доирабазм, дафсоз,  мадҳияхонӣ, сарояндагӣ  ва дар мактаби санъати ноҳия шуъбаҳои созҳои халқӣ, синфҳои рақс, гулдӯзӣ, этнография ва санъати тасвирӣ фаъолият менамоянд. Ин муассисаҳо дар ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда гузошта, наврасонро дар рӯҳияи  арҷгузорӣ  ба  фарҳанги  миллӣ  ва ҳунарҳои  мардумӣ  тарбия менамоянд. 
Боиси шарафмандии мардуми кӯҳистон аст, ки орзуи деринаи онҳо -  ташкили ансамбли этнографии тарона ва рақси “Навои Рӯшон” ҷомаи амал пӯшид. Акнун мардуми санъатдӯсти  ноҳия дар эҳё  ва рушди фарҳанги миллӣ саҳми бештар  хоҳад гузошт. 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2018    №: 212    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед