logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ. САНАДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

Конститутсия, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарбахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.
Бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ давра ба давра ислоҳоти ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар амалӣ шуда, бинобар татбиқи бомароми ҳадафҳои созандаи пешгирифтаи давлат дар як муддати кӯтоҳ рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин ва сатҳу сифати зиндагӣ тадриҷан баланд гардид. Яъне, дар асоси ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми қонунгузории кишвар тавассути қабули қонунҳои муҳими ба талаботи замони нав ҷавобгӯ такмил шуда, муқаррароти онҳо ба Конститутсия мутобиқ гардонда шуданд. Дар зимн, принсипи конститутсионии волоияти Конститутсия ва таъмини амали бевоситаи меъёрҳои он таъмин гардида, барои дар рӯҳияи эҳтирому риояи қонун рушду такомул ёфтани ҳар фарди ҷомеа заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам омад. Ҳамин аст, ки бо назардошти омилҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии инкишофи давлату ҷомеа, тақвияти заминаҳои бунёдии ваҳдату суботи сиёсӣ дар мамлакат, талаботи муносибатҳои ҷамъиятии рушдёбанда, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва дигар омилҳои муҳим дар асоси ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар фазои озоду демократӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Меъёрҳои Конститутсия эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шахсро тақозо менамоянд. Вобаста ба ин, дар боби дуюми моддаи 14 Конститутсия омадааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».
Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд. Дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфта, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандони кишвар дар назди қонун ва суд баробар буда, ҳақ доранд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонашон иштирок намоянд. Шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Қобили таъкид аст, ки ин санади олии ҳуқуқӣ муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро ба куллӣ тағйир дода, арзишҳои умумибашариро ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати ҳуқуқбунёду демократӣ эътироф гардидааст. Зеро Конститутсия бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ карда, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Ғолиб ДАМОНЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2018    №: 212    Мутолиа карданд: 917
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед