logo

ҳуқуқ

МАРЗБОНӢ. АЗ ДАРГИРИҲО ТО МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1350 КИЛОГРАММ МАВОДИ МУХАДДИР

Марзбонони тоҷик дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ чанд ҳолати убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Дар ин давра бо қочоқбарон 20 маротиба даргирии мусаллаҳона ба амал омада, дар натиҷа 11 нафар қочоқчӣ безарар ва 32 нафар боздошт гардид.
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ гузориш дода шуд. Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, марзбонон дар ин давра, ҳамчунин, 56 ҳолати кӯшиши убури ғайриқонунии марзро пешгирӣ карданд.
Дар натиҷаи 53 амалиёти вижае, ки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти қудратии кишвар анҷом доданд, аз қочоқчиён 1 350 килограмму 748 грамм маводи нашъаовар дарёфту мусодира шудааст. Аз ҷумлаи мухаддироти мусодирашуда  87 килограмму 160 граммро героин,  472 килограмму  561 грамм афюн,  605 килограмму 524 грамм ҳашиш,  183 килограмму 777 грамм бангдона (каннабис),  127 килограмму 720 грамм маводи мадҳушкунанда ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давра 1 110 238 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд, ки метавонист ба ҷони ҳазорҳо нафар хатар эҷод кунад.
Сарҳадбонони тоҷик дар доираи иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ - хизматии худ, ҳамзамон, аз қочоқбарон теъдоди зиёди муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла 21 адад яроқи оташфишони тамғаи гуногун, 1000 дона тир, 119 норинҷаки дастӣ ва ғайраро мусодира карданд. Зимнан, 124 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 101 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ сабт гардида, дар гузаргоҳҳои марзи давлатӣ 343 нафар шахси дар рӯйхати кофтуков қарор дошта, дастгир шуданд.
Ф. ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 1178
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед