logo

фарҳанг

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 70 - СОЛА ШУД

Ба ин муносибат дар бинои марказии таълимгоҳ ҷашни бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар оғоз Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ин санаи фархунда ба самъи ҳозирон расонд. Зикр гардид, ки дар тӯли фаъолияти худ донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои пурқуввати мамлакат табдил ёфта, онро даҳҳо ҳазор нафар хатм карданд, ки хизмати ҳар яки онҳо дар рушди соҳаи мухталифи иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеаи кишвар арзишманд мебошад. Донишгоҳ фаъолияти худро ҳамчун нахустин муассисаи низоми бисёрсоҳа сентябри соли 1948 бо се факулта оғоз карда, баъдан шумораи факултаҳо ва ихтисосҳои он зиёд шуд ва олимону омӯзгорони пуртаҷрибаву соҳибунвон ба ин маркази илму таълим ҷалб гардида, дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон хизмати шоистаро анҷом доданд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки дар миёни хатмкардагон олимони шуҳратёри эътибори ҷаҳонидошта, академикҳо, профессорон, ходимони намоёни давлатӣ – ҷамъиятӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва муаррифии беҳтару бештари миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ нақши босазову бориз доранд. Пажӯҳишҳо ва озмоишҳои ниҳодии ин даргоҳи мубораку муқаддас на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико низ эътибори хосса пайдо намудааст. Ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва берун аз он дар пешбурди тадқиқоти муштараки назарӣ ва амалӣ, баргузории конференсияҳову семинарҳои илмӣ, роҳбарӣ ба  рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсиву васоити таълимӣ беш аз пеш меафзояд.
Маврид ба ёдоварист, ки алҳол дар 117 кафедраи донишгоҳ 1528 омӯзгор, аз ҷумла 13 академик ва 15 узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, 152 доктори илм, 515 номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимӣ – методӣ ва таълиму  тарбияи 23 ҳазору 983 донишҷӯ, ки дар  18 факултет таҳсил менамоянд, сафарбар гардидаанд. Зиёда аз ин, 53,1 дарсади омӯзгорони асосии донишгоҳ унвони илмӣ доранд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маҳсуб мешавад,- афзуд дар охир вазир.
Бахтовар Сафарзода, вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, паёмҳои табрикии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ба самъи иштирокдорон расонданд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, баён дошт, ки ин муассисаи таълимӣ дар тайёр кардани мутахассисони миллӣ нақши бузург дорад. Мавсуф ҳамзамон, гуфт: «Боиси ифтихори олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки роҳбарии  донишгоҳи мазкурро дар солҳои гуногуни фаъолияташ олимони машҳур, аз ҷумла академикҳо Пӯлод Бобоҷонов, Талбак Назаров, Ҳайдар Сафиев, Сайидмуҳаммад Одинаев ва узви вобастаи Академияи илмҳо Нуриддин Саид ба зимма дошта, дар пешрафти он саҳми арзандаи худро гузоштанд. Ҳоло бошад, сарварии ин таълимгоҳро академики Академияи илмҳо Муҳаммадюсуф Имомзода ба уҳда дорад».
Фарҳод Раҳимӣ, инчунин, таъкид намуд, ки ҳоло 70 дарсади академикҳо ва узвҳои вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳуриро хатмкунандагону мутахассисони ин муассисаи таълимӣ ташкил медиҳад.
Ҳамидуллохон Фақиров, ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Фароғат Азизӣ, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва дигар намояндагони идораву муассисаҳои илмӣ, низомӣ, ҳуқуқӣ, устодону донишҷӯён ин санаи фархундаро бо зикри дастовардҳои илмию таълимӣ табрик гуфтанд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, бо сипосгузорӣ аз Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамешагияшон барои пешрафти донишгоҳ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим, фароҳамоварии ҳама шароитҳои зарурии омӯзгорону донишҷӯён гуфт, ки тамоми мутахассисон, олимон, муаллимон ва муҳассилон боз беҳтар аз пештар фаъолият менамоянд ва ба дастовардҳои чашмрас ноил мегарданд. Инчунин, изҳор дошт, ки донишгоҳ бо неруи муқтадири илмӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва инкишофи илмҳои гуногун минбаъд низ саҳми босазои хешро мегузорад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед