logo

фарҳанг

ПАРВОЗ БА СӮИ КОМЁБИҲО

Аз 2 то 4 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Деҳлӣ – пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон Фестивали байналмилалии ҳунарҳои зебо ва фарҳанги махсус барои ҳунармандони маъюб баргузор мегардад. Дар ҳамоиш ҳунармандон аз сад кишвари дунё ширкат меварзанд. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳунарманди Ансамбли давлатии «Фалак» - и  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарояндаи хушовоз Матлуба Раҳимова ва мутахассиси рақси рӯи аробача Шоҳзода Султонбоева муаррифӣ мекунанд.

Пеш аз сафар бо Матлуба ва Шоҳзода суҳбате доштем, ки ҳадафу нақшаҳои онҳоро бозгӯ мекунад.
Матлуба Раҳимоваро аллакай пиру ҷавони Тоҷикистон хуб мешиносанд. Ӯ бо овози маҳину дилнавозаш, бавижа бо суруди «Зиндагӣ дард асту дард аст…» ба дилу дидаҳо раҳ ёфтааст.
- Хушбахтона, моро Худо, агар аз як тараф маҳдуд карда бошад, аз тарафи дигар истеъдод додааст. Маро низ маҳорати овозхониам ба ин фестифали бузург роҳхат дод. Ба Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони хайрхоҳ, ки маро ба ин чорабинӣ даъват намуданд, сипос мегӯям. Бовар дорам, ки бо сари баланд бармегардем ва Ватани азизамонро шоиста муаррифӣ мекунем, - изҳор дошт Матлуба Раҳимова.
Шоҳзода Султонбоева яке аз фаъолтарин духтарони Ассотсиатсияи миллии маъюбон аст ва солҳост, ки дар ҳамкорӣ бо ин ниҳод барномаҳои вижаро оид ба шахсони дорои имконияти маҳдуд  роҳандозӣ мекунад. Ӯ забонҳои русию англисиро бисёр хуб медонад ва ба тарҷумонӣ низ машғул мешавад.
Бино ба гуфтаи ӯ, рақси рӯи аробачаи маъюбӣ намуди ҷадиди санъат буда, аллакай борҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар пойтахти кишвар намоиш дода шуд. Мухлисону мутахассисони соҳа хуш пазируфтанд. Санъат инсонро аз яъсу ноумедӣ ва бекорию раҳгумӣ эмин медорад. Духтарони зебои мо низ тавассути он мехоҳанд кишварро муаррифӣ намоянд ва дар рушди кишвар саҳмгузор бошанд.
Матлуба ва Шоҳзодаро дар Фестивали байналмилалии ҳунарҳои зебо ва фарҳанги махсус барои ҳунармандони маъюб психологи Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Раъно Додоҷонова ҳамроҳӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи аслии фестивали мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд, дастгирии иҷтимоии онҳо тавассути таълим ва барномаҳои гуногун, баланд бардоштани неруи онҳо, таъмини фаъолияти ин қишри ҷомеа дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
Бузургмеҳр БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2018    №: 214    Мутолиа карданд: 828
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед