logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба пойдории  сулҳу субот,  фароҳам овардани шароит барои пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронда шудаанд, баррасӣ гардиданд.
Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи робитаҳои гуногунсамта бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.
Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар такя ба  усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоид дар миқёси сиёсӣ ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар мулоқот ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ин замина муҳимияти ҳамгироии давлатҳо дар раванди ба эътидол овардани вазъи сиёсию амниятӣ дар Афғонистон, таъмини амнияту субот дар кишварҳои олами ислом ва араб, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар шароити кунунӣ манфиатҳои муштараки кишварҳои мо дар ҳамаи самтҳо дучанд афзун гардида, ҷавҳари онҳоро мафҳумҳои субот, амният ва пешрафту баланд бардоштани рифоҳияти мардумонамон ташкил медиҳанд ва моро зарур аст, ки мазмуну мундариҷаи сифатан нави муносибатҳои ҳамкориамонро таъмин карда, онҳоро  ба ниёзҳои имрӯза ва манфиатҳои миллии ду кишвар  комилан созгор намоем.
Дар раванди муборизаи муштарак бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ки соли 2016  дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имзо шудааст, заминаи хуби ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.  Таъкид шуд, ки  дар доираи муқаррароти ин созишнома  имкон ҳаст, ки ҳамкориҳои байни  идораҳои амниятӣ, мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва прокуратураҳо дар шаклҳои барои ҷонибҳо мақбул тавсеа бахшида шаванд.
Аз  мусоидати пайвастаи Маркази Шоҳ Салмон  дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ шуд ва идомаи самарабахши ҳамкориҳо дар ин самт тибқи мувофиқаҳои бадастомада таъкид гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, техникиву фарҳангӣ ва дар ҳошияи он доир намудани ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда ва Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда,  натиҷаҳои ин чорабиниҳо омили муҳими таҳкиму густариши  робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии ду давлат  арзёбӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ ва  иҷтимоиву фарҳангӣ  имкониятҳои фаровони ҳамкориҳои судмандро доранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2018    №: 214    Мутолиа карданд: 4182
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед