logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Пешвои миллат бо вакилони Думаи давлатӣ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россияро таҳти сарварии раиси Ҳизби либерал - демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Дар мулоқот масъалаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд.
Владимир Жириновский ба саҳм ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфт: «Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо, муҳтарам Президент, мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед. Мо нисбати Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем”.
Таъкид гардид, ки ҳайатҳои парлумонии Россия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкории устувор ва фаъол доранд. Барои таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷониба Комиссияи доимоамалкунандаи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия фаъолият дорад.
Дар ҷараёни мулоқот сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорони русзабон, тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии Россия ва филиалҳои онҳо дар Душанбе, ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2018    №: 214    Мутолиа карданд: 4087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед