logo

фарҳанг

ДАЙРИ БУДДОӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Дар деҳаи Субҳи ноҳияи Хуросон, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Асадулло, мавзеи нави таърихӣ – дайри буддоӣ ёфт шуд. Дар бораи он истиқоматкунандаи ҳамин деҳа, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 Элёр Ахметов ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои кишвар хабар додааст.
- Пас аз расидани хабар мо як гурӯҳ бостоншиносон ба ноҳия сафар намуда, аз ин мавзеъ дидан кардем. Маълум шуд, ки мавзеъ воқеан ҳам, макони таърихист, - мегӯяд  Саидмурод Бобомуллоев, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои ӯ, дайри буддоии бозёфтшуда дар зери замин буда, ба давраи Ҳайтолиён (асрҳои 5 – 6) мутааллиқ аст. Мавзеи мазкур ба хонаҳои зеризаминии даври буддоӣ монанд аст. Дохили он сангин буда, сақфаш гунбазӣ аст. Аз боло равзана дошта, он аслан барои рӯшан намудани дохили бино хидмат менамояд. Дохили бино холӣ буда, мардум он ҷо аслан барои ибодат мерафтанд.
Дар Тоҷикистон дайрҳои зиёди таърихӣ мавҷуд буданд. Аммо онҳо бо гузашти солҳо хароб гашта, то замони мо танҳо баъзеашон расидаанд, ки дайри буддоии бозёфтшуда аз зумраи онҳост. Аз дигар дайрҳои буддоӣ бо он тафовут дорад, ки он хеле зебо ва мустаҳкам сохта шудааст. Дар ин мавзеъ корҳои ҳафриётӣ идома хоҳанд ёфт. Ҳафриёти минбаъда  имкон медиҳад, ки дар бораи ин мавзеи таърихӣ иттилои бештар пайдо намоем.
- Эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва дастрас намудани офаридаҳои таъриху фарҳангии халқи тоҷик ба ҷаҳониён  хидмат мекунад. Ба ин хотир, дар ин самт мо бояд корҳои хубтару бузургтареро анҷом диҳем. Зеро ҳанӯз ёдгориҳои  нуҳуфтаву таҳқиқношудаи зиёде дорем ва омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо имкон медиҳанд, ки дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи нав боз гардад, - мегӯяд  С. Бобомуллоев.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2018    №: 215    Мутолиа карданд: 784
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед