logo

ҳуқуқ

МАҲСУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи аввалин ва ягона дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тақозои замон буд, ки низоми қонунгузории кишвар ба воқеиятҳои нави шаклгирифта, аз қабили арзишҳои ҷомеадорӣ, сохтори сиёсӣ, низоми давлатдорӣ ва фазои ҳуқуқӣ, инчунин, шаклҳои пешбурди фаъолияти иқтисодӣ ҳам созгор ояд ва ҳам посухгӯ бошад, то тавонад заминасози рушди бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ гардад.
Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи мамлакати озоду  мустақиламон таърихномаи хоси худро дорад. Қабл аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ, аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ зарурат ба миён омад, ки чунин санади олии ҳуқуқӣ таҳия шуда, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Зеро бе қабули Конститутсия таҳия ва қабули дигар санадҳои қонунӣ душвор буда, бояд ҳамаи санадҳои қонунӣ ба муқаррароти он мутобиқат дошта бошанд.
Соли 1994 имкону шароити лозима фароҳам омад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Қабл аз қабули он, барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, чанд лоиҳа пешниҳод гардид ва лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда мақбулу мукаммал дониста шуда, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гашт.
Қобили эътироф аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон на танҳо поягузори Истиқлолияти давлатӣ ва меъмори сулҳи тоҷикон, балки иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона ва оянданигарона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор карда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба маҷро даровард ва муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду тантанаи ваҳдати сартосариро таъмин намуд. Аз ин ҷост, ки мақоми муҳим  ва моҳияти барҷастаи Конститутсияро чунин баён доштанд:
«Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».
Муҳимтарин хусусияти Конститутсияи мо ин арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад. Ҳамаи фаъолияти давлат барои фароҳам овардани шароиту зиндагии сазовор барои одамон нигаронда шудааст. Давлат таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ба дӯши худ гирифта, ин фаъолиятро тавассути шохаҳои масъулу ваколатдори ҳокимият амалӣ мекунад.
Конститутсия заминасоз ва роҳкушои корҳои бузурги созандагӣ барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва устувор намудани пойдории муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ гардид ва ҳамчун санади ҳидоятгар, қутбнамои бахти миллат, поягузори дастовардҳои бузургу пешрафтҳои азим ва яке аз рамзҳои муқаддаси миллӣ ин рисолати пуршарафу боифтихори хешро минбаъд низ ба иҷро хоҳад расонд.
Суҳроб  РӮШАНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2018    №: 215    Мутолиа карданд: 772
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед