logo

паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон, 26 ноябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди саиди Қурбон, ки яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва суннати писандидаи мардуми мусулмони мо буда, рӯзи 28 ноябр таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, бахусус силаву навозиши ятимону бепарасторон, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон, зиёрати марқад ва  поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ кардан ба азодорон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат аз фазилатҳои неки он маҳсуб меёбанд.
Воқеан, дин, аз ҷумла дини ислом рукни таркибии таърихи башарият буда беҳтарин ормонҳои ҳаёти инсониятро таблиғ мекунад ва ҷавҳари равобиту пайванди байни одамонро сайқал мебахшад.
Ба ибораи дигар, фарҳанги исломӣ саршор аз ғояҳои олии инсондӯстӣ, талқингари меҳру шафқат ба ҳамдигар, хайру эҳсон, муомилаву муоширати неку бародарона, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат мебошад. Барҳақ, дини мубини ислом инсонро зина ба зина тарбия намуда, дар рушду такомули ҷомеаи башарӣ нақши ниҳоят бузург дорад.
Ҳоло мусулмонони кишвари мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ фарзиёти динии худ, аз ҷумла аҳкоми иди Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд.
Имрӯз сиёсати давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар соҳаи дин дар асоси муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ гардида, масъалаҳои муҳими муносибати давлату динро танзим менамояд.
Имсол дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвари мо як қатор рӯйдодҳои муҳим, аз ҷумла таҷдиди чопи тарҷумаи Қуръони карим ба теъдоди 50 ҳазор нусха, нахустин озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, озмуни наъту муноҷот, мақоми давлатӣ касб кардани Донишкадаи исломӣ, ба фаъолият оғоз намудани Маркази исломшиносӣ, гузоштани хишти аввали масҷиди бузург дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе ва бахусус чорабиниҳои бахшида ба Соли бузургдошти пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ба вуқӯъ пайвастанд, ки ҳамаи онҳо, бешубҳа, барои баланд бардоштани шуури динӣ ва маърифати исломии мардуми мо мусоидат намуданд.
Дар навбати худ, ҳамаи ин рӯйдодҳоро метавон ҳамчун нишонаи ҳусни таваҷҷӯҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои динӣ, таъмини озодии виҷдон ва ба таври солим густариш ёфтани муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ арзёбӣ намуд.
Зеро дини ислом дар тӯли беш аз чордаҳ аср ба яке аз ҷузъҳои таркибии фарҳанги ғановатманди мо табдил гардида, имрӯз аксари мутлақи мардуми кишварамон пайрави мазҳаби таҳаммулгарои он, яъне ҳанафия мебошанд.
Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.
Дар ин маврид Худованди мутаол низ дар Қуръони маҷид фармудааст: «Эй шахсоне, ки имон овардаед, аз покизаҳои он чи шумо ба даст овардаед ва аз покизаҳои он чи барои шумо аз замин берун овардаем, харҷ кунед». Итминони комил дорам, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша дар асоси фармудаҳои Худованди мутаол дар ин рӯзи муборак ба ятимону бепарасторон, мӯҳтоҷону барҷомондагон ва шахсони камбизоат кӯмак карда, бо ин амали хайру башардӯстонаи худ соҳиби савоби зиёд мегарданд.
Бояд зикр кард, ки имсол зиёда аз панҷ ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакатамон бо нияти адои маносики ҳаҷҷи акбар озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуданд. Дар арафаи ин иди шариф онҳо дар қатори миллионҳо мардуми мусулмони ҷаҳон ба зиёрати хонаи Худо, ки рукни панҷуми дини мубини ислом мебошад, мушарраф хоҳанд шуд.
Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва ободиву шукуфоиро талаб менамоянд. Лекин дар хотир бояд дошт, ки ҳоҷӣ шудан маънои танҳо ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки тавлиди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳасана, ба даст овардани покии рӯҳониву ахлоқӣ ва намунаи инсони комил шудан аст.
Аз ин лиҳоз, итминон дорам, ки ҳоҷиёни мо саҳми арзандаи хешро дар тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани онҳо, инчунин дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дареғ нахоҳанд дошт. Имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар як фарди ҷомеа  имконият фароҳам овардааст, ки ба хотири рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон бо заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиби худро гузорад.
Бинобар ин, ҳамаи мову шумо бояд  тамоми нерӯи зеҳнӣ ва ғайрату ҳиммати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ равона карда, ҳамчунин дар амри хайри тарбияи мардум, хусусан ҷавонон дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳмгузор бошем.  Бо чунин орзуҳои нек бори дигар, ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро бо фарорасии иди мубораки Қурбон табрик гуфта, бароятон аз даргоҳи Парвардигори олам имону амону тандурустӣ ва илму амалу фарохдастӣ мехоҳам.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7980
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед