logo

фарҳанг

НИЗОРАМОҲ ЗАРИФОВА – ИФТИХОРИ МО

Низорамоҳ Зарифова чун сиёсатмадор, ходими давлатӣ, Арбоби шоистаи фарҳанг имрӯз ҳам аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Эътирофаш мекунанду эҳтиромаш мегузоранд. Ӯ донишу таҷриба ва умри гаронмояашро сарфи хидмати ин миллат ва ободониву пешрафти кишвар намуд. Оре, содиқона ва ошиқона. Ҷасорат ва маҳорати кордонияш имрӯз низ бо як муҳаббату самимият ёд мешавад. Муносибату муошираташро барои бисёр занону роҳравони роҳи мушкилу дарози сиёсат дарси ибрат донистанду арзандаи пайравӣ.
Дар тарҷумаи ҳоли ӯ чашмамон ҳатман ба ин сатрҳо меафтад «Мудири шуъбаи кумитаи комсомол ва мудири шуъбаи кадрҳои шаҳри Кӯлоб (1941 – 1945), мудири шуъбаи мактабҳои кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб (1945 – 1947), мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб (1947 – 1952) буд». Пушти ин сатрҳо бас талошҳо, саъю кӯшишҳо, ранҷҳову заҳматҳо нуҳуфтаанд. Дар суҳбатҳо аз андаки онҳо ёдовар мешуд. Тасаввур ва ҳам пеши назар овардани онҳо ҳатто мушкил мебошад. Пиёда, зери барфу борон ва аксар вақт гурусна ба деҳаҳо, ба назди мардум мерафт. Онҳоро гӯш мекард ва ҳамзамон масъалаҳои мураккабашонро чун мутахассиси варзидаву шахси ба онҳо бисёр наздик баррасӣ ва ҳал менамуд. Фиристодаи доно, ки буд, шунавандаҳояшро тасалло ва ба рӯзҳои неку  ояндаи дурахшони кишвар умед мебахшид. Нафаре буд, ки  ба дарди дили модарони фарзандгумкардаву ҳалокгардида дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ даво ато мекард. Ва ҳам ба меҳнати вазнин ба хотири ғалаба бар фашизм, пойдории сулҳу амният ҳидоят менамуд.
Аз занон ба камтар касе дар он рӯзгор, яъне солҳои 50 – уми асри гузашта, муваффақ мешуд, ки дар мактаби олии ҳизбии назди Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил ва онро хатм бинамояд.
Низорамоҳ Зарифова фаъолияташро пас аз хатми ин мактаб дар солҳои гуногун ба ҳайси мудири шуъбаи занони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, муовини раиси раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон идома додааст. Узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, узви пленум ва раёсати Кумитаи занони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, узви Шӯрои Федератсияи байналмилалии занон, раиси Шӯрои занони Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ҷумҳуриявии донишгоҳҳои мардумӣ, вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС  (даъватҳои 5 ва 6 –ум) ва Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъватҳои 4,6, 8, 9) буд. Хидматҳояш, аз ҷумла бо ду ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи  Меҳнат, ду ордени «Нишони фахрӣ», се медал ва ифтихорномаҳои раёсатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва Тоҷикистон қадр гардидаанд.
Ӯ ба дидору  суҳбати сарвари вақти  Иттиҳоди Шӯравӣ Сталин  мушарраф шудааст.
Ӯ даврони сарварии Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов фаъолият намудаву  аз дастур, раҳнамоӣ ва мактаби роҳбарии онҳо баҳраҳо бурдааст.
Ӯ мегӯяд, ки  даврони сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба даврони бас мушкили кишвар рост омад. Дар он рӯзгор, ки шуълаи ҷанги шаҳрвандиро ба ҳар лаҳза бештар аз пештар меафрӯхтанд. Замони давлатдорӣ ва раҳнамунии миллатро касе ҷуз Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда  нагирифт.
Вақт ва фаъолияти пурсамараш собит сохт, ки ӯро ҳамзамон бахту иқбол ва хиради азалӣ ёр будааст. Миллату давлатро тавонист, ки аз вартаи ҳалокатбор бираҳонад. Сулҳро пойдору устувор гардонад. Кишварро пешрафтаву сарсабз бинамояд. Миллату давлат туфайли  роҳбарияш дар дунё шуҳрат касб кард ва аз маҳбубияти хос бархӯрдор шуд.
Ӯ изҳор мекард, ки бунёди нақбҳову шоҳроҳҳои азими кишвар ва неругоҳи барқии обии Роғун аз иншоотҳоест, ки ҳатто тасаввурашон даст намедод. Дар ин рӯзҳо, ки муждаи ба кор андохтани ин неругоҳ паҳн гардидааст, ҳар нафар, ҳар шаҳрванди кишварро шодию фараҳ фаро гирифтааст.
Ҳамзамон, ҳар кадоми мо бо изҳори сипоси ҳастию сарварияш ва шукри ин хидмати таърихияш ифтихор мекунему бори дигар, боз бештару бештар  бовар ҳосил мекунем, ки кишвари моро ояндаи беҳтару дурахшонтар дар пеш аст.
Албатта, дар ин маврид ӯ ба хотир меовард ва ҳам пеши назар, ки ба чӣ мушкилиҳо дар он даврон неругоҳи барқи обии Норак бунёд ёфт. Охири соли 50 – уми асри рафта ба ӯ гуфтанд, ки бояд масъалаи сохтмони ин неругоҳро дар сессияи Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён бигузорад. Бешак, ба миён гузоштани чунин масъала душвор буд, аммо баёни моҳияти он, бовар кардани вакилон ва масъулони вақт душвортар маҳсуб мешуд, хосса барои зан. Яъне, бояд омодагии ҷиддӣ мегирифт, дар хусуси нозукиҳои соҳаи сохтмон ва иқлими кишвар, мавқеи ҷуғрофии неругоҳ маълумоти кофиву қонеъкунанда ба даст меовард. Хушбахтона, муваффақ шуд. Ин масъалаи пешниҳоднамудаашро пазируфтанд ва барои сохтмони неругоҳ тамоми тадбирҳоро андешиданду онро бунёд намуданд.
Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳастии худро сипар карда, занони асирро озод намуд, барои ҳуқуқу бедорияшон ва хомӯш намудани оташи фитнаҳои ҷангӣ талош варзид.
Ӯ бо истифода аз ҳар лаҳзаи мувофиқ дар тарбияи ҷавонон, насли ояндасози кишвар бо ҳиссу шинохти масъулият, бо суҳбатҳову дастуру раҳнамоиҳояш саҳм мегузорад. Дар он маврид мушкилписанд асту хастагинопазир.
Миллату давлат ва ҳар шаҳрванд ба поси хидматҳои беназираш бо ӯ ифтихор мекунанд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2018    №: 216    Мутолиа карданд: 849
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед