logo

ҳуқуқ

ЧАРОҒИ РАҲНАМО

Мусаллам аст, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат дар ҳама давраҳои таърихӣ ба таъмини адолати иҷтимоӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд такя дорад ва дар саргаҳи иҷрои ин амр нақши мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ баланд аст. Ин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати санади олии ҳуқуқӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат додааст.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита, мазмуни қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Ин меъёр дар моддаи 14 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Зимнан, бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мазмуни онро дорад, ки ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ бояд онҳоро эҳтиром, риоя ва ҳифз намоянд.
Дар ҳамин ҳол, агар ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ ва риоя нашаванд, онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ аз роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ таъмин карда мешаванд. Чунин муқаррарот феълан мавриди амал қарор дошта, шаҳрвандон бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ оид ба ҳолати қонуншиканӣ ва ё поймол шудани ҳуқуқҳояшон ба суд муроҷиат мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Ин таъкиди Пешвои муаззами миллат мо, кормандони мақомоти судиро вазифадор месозад, ки зимни иҷрои рисолати касбии худ ба иштибоҳ роҳ надиҳем, муқаррароти Конститутсия ва дигар қонунҳоро бетаъхир иҷро карда, дар таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор бошем.
Г. НЕЪМАТУЛЛОЗОДА, судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ,
Б. ҲАМРОҚУЛЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2018    №: 216    Мутолиа карданд: 839
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед