logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Филворди «Теннис»
Дар филворди навбатӣ ном ва насаби бузургтарин теннисбози ҷаҳон ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи Шафоатулло ШОКИРОВ
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40
93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )


ФАРЗАНДИ ПАДАР
Модар фарзандаш – Меҳрафрӯзро, ки ба синфи 1 мерафт, ҳамроҳ бо бародараш, ба мактаб мефиристод. Бештари вақт Меҳрафрӯз ба кӯлмаку лой по гузошта, кафши навашро чиркин мекард.
Модар рӯзе бо ғазаб духтарашро пеши писараш сарзаниш кард ва бо қатъият таъкид намуд, ки дубора кафшатро лойу ифлос кунӣ, ба хона наё.
Пагоҳ модар бо коре кӯча баромада, манзараи аҷиберо дид. Писараш хоҳарчаи хурди худро ба пуштора гирифта меомад. Гоҳ - гоҳ дар ягон ҷои хушку тозатари кӯча дам гирифта, боз пуштора мекард. Арақшор буд писарак. Намехост, ки хоҳари азизаш бо ҷурми чиркинии пойафзол беруни дар монад. Модар сарзаниши дурушти дирӯзаашро ба ёд овард ва ашк чашмонашро пур кард.
Бузургмеҳр БАҲОДУР


1999 САДБАРГИ ТИЛЛОӢ ДАР ФУРӮШ
Дар яке аз мағозаҳои тиллофурӯшии шаҳри Нанкини Хитой 1999 садбарги аз тилло омодашуда бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ҳар гули он, ки аз варақа (фолга) - и тунуки металлӣ омода шудааст, 45 доллари ИМА арзиш дорад. Гулҳои тиллоиро дар дохили шишаи махсуси шакли дил дошта ҷо дода, бо ин роҳ мехоҳанд диққати ҷавонмардони ошиқро ҷалб ва хотири муштарибонувони худро шод  намоянд.
Таҳияи Кароматулло АТО


«ПАДМА ШРИ»
БАХТИ ОЛИМИ ТОҶИК ХАНДИД!
Ҷоизаи «Падма Шри» (ордени «Нилуфар») яке аз чор мукофоти олии Ҳиндустон буда, соли 1954 таъсис ёфтааст. Он ҳар сол ба шахсиятҳои намоёни соҳаҳои илму санъат, иҷтимоиёт, тиб, адабиёт, маориф, тиҷорату саноат ва варзиш супурда мешавад.
Масалан, ситораҳои синамои Ҳиндустон Амитабҳ Баччан, Шоҳрух Хон, Шри Деви, Шаҳбону Азмӣ аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ М. Бондаревский, Т. Елизаренкова, Р. Рибаков, М. Салганик ва Г. Печников дар бахши санъат сазовори ин ҷоиза гаштаанд.
Соли ҷорӣ бо фармони Президенти Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд чанд тан сазовори Ҷоизаи «Падма Шри» шуд, ки миёни онҳо сарвари Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, доктори илмҳои филология Ҳабибулло Раҷабов (дар бахши маориф ва адабиёт) низ ҳаст. Профессор Ҳ. Раҷабов нахустин шахсе дар Осиёи Миёна аст, ки ба ин ҷоиза сарфароз гашт. Мавсуф дар радифи 30 нафар ҳиндушиносони шинохтаи ҷаҳон қарор дорад.
Таҳияи Умар АЛӢ


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
АНАФУҶИРИ РЕМЕТ
Анафуҷири  Ремет, ки сокини шаҳри Лагоси  Нигерия мебошад,  аз ҳама бештар сурат гирифтанро  дӯст медорад. Ин писарак, ки ҳамагӣ  4 - сола  аст, суратгири фаъол мебошад ва бо ин амалаш аллакай машҳури ҷаҳон ҳам гаштааст. Аз дастгоҳи суратгириаш ҳеҷ гоҳ дур намешавад.
Дастгоҳаш, ки қариб 1 килограмм вазн дорад, ҳамеша дар гарданаш овезон аст. Одатан аз баландӣ сурат мегирад. Аз ҳамин сабаб, аксҳои гирифтааш барои доираи васеи тамошогарон ғайриодӣ  менамояд. Аксҳояш аввал таваҷҷуҳи волидон, баъд тамоми шаҳр ва сипас, кормандони хадамоти CNN - ро ба худ ҷалб намуданд.
Вақте 3 - сола буд, аксҳояшро дар шаҳри Логас ба намоиш гузоштанд. Аксҳои бардоштааш ҳоло беш аз 3  ҳазор ададро ташкил медиҳад. 
Волидонаш рассоманд. Хоҳаронаш низ дар баробари расм кашидан, суратгириро меписанданд. Ба ин хотир, волидон ҳеҷ гоҳ дастгоҳи суратгириро аз фарзандон пинҳон намекунанд. Шояд хизмати волидонаш дар аксбардорӣ муваффақ шудани  Анафуҷири калон бошад. Аммо, онҳо иброз медоранд, ки ба писарашон танҳо имкони ба амали дӯстдоштааш машғул шуданро додаанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


«РАВШАНИИ КОИНОТ»
Рассоми машҳури англис Виллиам Ҳунт расмҳои кашидаи худро дар Академияи Лондон ба намоиш гузошт. Расми «Равшании коинот» - аш низ овезон буд. Дар расм марде шабонгоҳ дар даст чароғе дорад ва дар пушти даре истодааст,  мисли ин, ки интизори кушодани он мебошад. Марде назди «Равшании коинот» меояд ва ба рассом мегӯяд:
- Расми зебоест, аммо фаромӯш кардаед, ки лаҳзаи тақ – тақ кардан, ангушт ба дар заданро  ҳам тасвир кунед.
Виллиам Ҳунт табассуме карду гуфт:
- Ин дари одӣ, дари хона нест, балки дари дили инсон мебошад. Он танҳо аз дарун кушода мешавад. Эҳтиёҷ ба задан аз берунро надорад.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


РОҲҲОИ ХАТАРНОКТАРИНИ ҶАҲОН
2. Пули Эшима Охаси дар Япония
Бисёриҳо пули Эшима Охасиро аз рӯйи видеоролике, ки мошини Танторо реклама мекунанд, медонанд. Ин пули бетонӣ бо дарозии 1,7 км ва паҳноии 11,3 метр калонтарин пул дар Япония ва сеюмин дар ҷаҳон мебошад. Он ду шаҳри Японияро бо ҳам мепайвандад.
Баъзе сомонаҳо нишебии аз ҳад зиёди пулро нишон дода, таъкид медоранд, ки ҳаракат дар он бо роҳравӣ дар талу теппаҳо монанд аст. Дар асл бошад, кунҷи максималии хамии пули Эшима Охаси ба 6,1 % баробар буда, барои дилхоҳ автомобил мақбул аст. Аҷиб он аст, ки хамии пуршеб ва баландии беҳамтои он бо зарурати аз зери он гузаштани киштиҳои обӣ асос ёфтааст.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


10 ҶОНВАРИ ОБИЕ,  КИ НОТАКРОРАНД
1. МОҲӢ – ШАМЪ
Қад - қади соҳилҳои уқёнуси Ороми қитъаи Амрикои Шимолӣ, яъне аз Аляска то иёлати Орегон, моҳиеро дидан мумкин аст, ки номи он Эулахон буда, дарозиаш тақрибан 30 сантиметр аст.
Дар замонҳои қадим ҳиндуҳо ин моҳиро барои равшан кардани кулбаҳои худ истифода мебурданд, чунки вай хеле серравған мебошад. Ҳиндуҳо ин моҳиро дар ҳолати амудӣ хушконда, нӯги пилтаро дармегиронданд. Пилтаи ин шамъи ғайриодӣ оҳиста ва баробар дармегирад. Ҳоло ҳам, ин моҳӣ гароннархтарин шамъи дунё ба шумор меравад ва доротарин касон барои зодрӯзи наздиконашон онро фармоиш медиҳанд. Воқеан, аз Эулахон равған тайёр карда, онро дар тиб ҳам ба кор мебаранд.
Таҳияи Бузургмеҳр БАҲОДУР


ҚОБИЛИЯТҲОИ ҒАЙРИОДИИ ОДАМОНИ ОДӢ
Одам – рентген
Алексей Фёдорович Скоков. Ин ном ҳанӯз дар замони шӯравӣ вирди забонҳо буду ҳар ҷо сухан аз лаёқати фавқулодаи ӯ мерафт. Гап сари ин аст, ки Алексей дар ҳуҷраи назоратии гумрукӣ истода, аз борҷома ё мусофирон ашёҳои ба таври ғайриқонунӣ интиқолёбандаро дарёфт мекард.
Боре борҷомае аз дастгоҳи назоратӣ мегузашту дастгоҳ дам ба дам овоз мебаровард. Аммо, аз он чизе пайдо намекарданд. Баъдан, Алексей бо як назар мегӯяд: “Мехҳои қуттӣ аз тиллоянд”. Ва дар ҳақиқат санҷиш муайян кард, ки он 6 кило тилло дорад.
Ҳамкоронаш аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки ин ҳунарашро ба онҳо омӯзонад. Ӯ ҳар бор чунин посух медод: “Ин кори ман аслан ягон сирре надорад. Ман худам ҳам намедонам, ки ин ҳолат бо ман чӣ гуна рух медиҳад. Бо нигоҳ кардан ба одамон, пай мебарам, ки чизеро пинҳон кардаанд”.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


НОМАИ ҶОШ
Соли 1995 писарбачаи амрикоӣ Ҷош Бейкер номаеро навишта ба зарфи шишагӣ меандозад. Дар он чунин навишта шуда буд: «Номи ман Ҷош Бейкер мебошад. Ман 10 - солаам. Агар касе ин номаро ёбад, ҳатман хабар диҳад. Имрӯз 16 апрели соли 1995». Он шишаро ба кӯли Уайт Лейк мепартояд.
Писар ба воя мерасад, коллеҷро хатм карда, дар флоти баҳрӣ ҳам хизмат мекунад. Дар Ироқ ҷангида, ба Ватан саломат бармегардад. Баъди 3 моҳи хизмат дар садама ҳалок мегардад.
Вақте рафиқонаш дар наздикии кӯли Уайт Лейк сайругашт мекарданд, дар соҳили он зарфи шишагиро мебинанд. Ин ҳамон зарфе буд, ки онро Ҷош Бейкери 10 - сола ба об партофта буд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


МАҲРУМИЯТИ АБАДӢ АЗ БОЗИИ ФУТБОЛ КӢ ВА БАРОИ ЧӢ МУҶОЗОТ ШУД?
4. Арман Масимҷонов
Дар яке аз дидорҳои ҳайати дуюми дастаҳо дар Чемпионати Қазоқистон оид ба футбол дар муқобили футболбози «Кайрат» (Алмаато) бозигари меҳмонон қоидаро вайрон кард. Арман Масимҷонов давида ба майдон баромад ва хост аз ҳамдастааш дифоъ намояд. Ӯ худро идора карда натавонист ва бо пояш ба тахтапушти футболбози дастаи «Локомотив» зарба зад. Ӯ аз қисмати сутунмуҳра сахт осеб дид ва ҳамон замон ба бемористон интиқол дода шуд.
Федератсияи футболи Қазоқистон Масимҷонови 19 - соларо барои абад аз бозии футбол маҳрум намуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БОВАР МЕКУНЕД?
“Ҷазираҳои Хазар”
Ҷумҳурии Озарбойҷон лоиҳаи “Ҷазираҳои Хазар” - ро амалӣ карда истодааст. Тибқи лоиҳаи мазкур дар баҳри Хазар дар наздикии шаҳри Боку галаҷазираҳои сунъӣ, ки аз 55 ҷазира иборат аст, сохта мешавад. Майдони ҷазираҳо 3000 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҷазираҳо фурудгоҳ, марказҳои фарҳангӣ, боғҳо ва роҳ барои гузарондани пойгаи автомобилии “Формулаи 1” ҷойгир карда мешаванд. Интизор меравад, ки барои рушду равнақи онҳо 100 миллиард доллари амрикоӣ сарф хоҳад шуд.  
Таҳияи Комрон САФАР


ГАНҶИ ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ ҒАРҚШУДА
Садамаи назди ҷазираи Антикитер
Киштии тиҷоратӣ миёнаи асри I то милод назди ҷазираи юнонии  Антикитер бо боигарии нодир – асарҳои санъат ва технологияҳо, аз ҷумла механизми антикитерӣ ғарқ шуд. Ба ғайр аз механизми зикршуда, ки беш аз 100 сол олимони дунё онро меомӯзанду нахустин компютери ҷаҳон меноманд, аз қаъри баҳр ҳайкалҳои биринҷӣ, амфораҳо ба даст омаданд.
Ба ақидаи олимон, бор барои румии сарватманде таъйин шуда буд, ки тибқи анъанаи замонаш асарҳои санъатро гирдоварӣ мекард. Садамаи киштӣ зиёда аз 2 ҳазор сол пеш рӯй додааст ва имрӯз маблағи бозёфтҳоро $160 миллион мешуморанд.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


САХОВАТМАНДТАРИН ШАХСИЯТҲОИ ОЛАМ
УОРРЕН БАФФЕТТ
Директори генералии ширкати холдингии «Berkshire Hathaway» Уоррен Баффетт на танҳо яке аз шахсони бойтарини ҷаҳон, балки аз метсенатҳои шинохта низ мебошад. Соли 2006 Баффетт ваъда дода буд, ки 85 дарсади дороии худро ба фонди Билл ва Мелинда Гейтс ва дигар созмонҳои хайриявӣ мегузаронад.
Соли 2011 Баффетт бо ҳамроҳии Гейтс ширкати хайриявии «Giving Pledge» - ро таъсис дод, ки ба одамони сарватманд ҷиҳати хайр кардани қисми дороияшон бо мақсадҳои эҳсонкорӣ ёрӣ мерасонад.
Сармояи Уоррен Баффетт 61 миллиард долларро ташкил карда, маблағи умумии хайрияаш дар як сол 21,5 миллиард мебошад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
«Минтақаи беҷон» дар урдугоҳи хаймагӣ
Ҷеннифер Роберти 23 - сола дар урдугоҳи хаймагӣ асари сеҷилдаи «Минтақаи беҷон» (Мёртвая зона») - ро мехонд. Нохост шамоли сахт вазид, раъду барқ ба миён омад, жола борид ва барқе ба хаймаи Ҷеннифер бархӯрду бомпӯшро барканд ва китоби дорои 291 саҳифаро пора – пора кард. Ҷеннифер соате беёд хобид ва аҷибаш ин ки ягон ҷояш осебе надид. Муқоваи китоб дар рӯи дилаш мехобид. Дар он марде тасвир ёфта буд, ки аз зарби раъду барқ ҷон меканд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


ФАКТҲОИ АҶИБ ДАР БОРАИ  КИШВАРҲОИ МУҚАРРАРӢ
ГРЕНЛАНДИЯ
Гренландия наметавонад, ки ба ФИФА ҳамроҳ шавад. Зеро қисмати асосии ин кишвар бо пиряхҳо пӯшонда шудааст ва аз сабаби сардии зиёд дар заминҳои он сабза намерӯяд. Аз ин рӯ, сабаб варзишгарон дар заминҳои хушк ё дар рӯи ях футболбозӣ мекунанд.
ЭФИОПИЯ
Дар Эфиопия то ҳол аз тақвиме истифода мебаранд, ки 7 сол аз тақвими ҷаҳонӣ фарқ мекунад. Тақвими онҳо дар асри XVI пайдо шудааст. Мардуми Эфиопия танҳо соли 2008 ҳазорсолаи навро таҷлил намуданд. 
МИКРОНЕЗИЯ
Кишвари Микронезия аз ҷазираҳои хурде иборат аст, ки дар уқёнуси Ором ҷойгир шудаанд. Дар ҷазираи Япи ин кишвар дар савдо ба ҷойи пулҳои маъмулии коғазӣ аз сангҳои калон истифода мебаранд. Ин сангҳо “Ра” ном дошта, онҳоро дар ҷазираи дурдасти кишвар истихроҷ мекунанд.
НИУЭ
Кишвари ҷазиравии Ниуэ (дар уқёнуси Ором) наздики 120 ҳазор аҳолӣ дорад ва танҳо бо Ҷумҳурии Зеландияи Нав ҳамкории дипломатиро ба роҳ мондааст. Дар Ниуэ тангаҳоеро ба муомилот мебароранд, ки дар рӯи онҳо каҳрамонҳои филмҳои ширкати “Дисней” нақш ёфтаанд. Як танга 25 доллари амрикоӣ арзиш дорад ва нархи баъзе аз онҳо ба 40000 доллар баробар аст.
НИГЕР
Наздики 80 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Нигерро наврасони аз 15 -  сола поён ташкил медиҳанд. Шояд сабабаш  он бошад, ки 80 дарсади ҳудуди кишварро биёбон  иҳота кардаасту қисми зиёди калонсолон дар хориҷа ба сар мебаранд.
Таҳияи  Комрон ЗИКРУЛЛО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2018    №: 218    Мутолиа карданд: 1140
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед