logo

фарҳанг

РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК ТАҶЛИЛ ШУД

Театр пайвандгари маънавии наслҳо буда, рукни муҳиму барҷастаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Шурӯъ аз соли 2000 - ум ҳамасола 7 ноябр чун Рӯзи Театри тоҷик таҷлил мегардад. Имсол дар ин рӯз, ҳамчунон, 80 - солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Александр Александров, профессор, композитори маъруфу маҳбуб Фаттоҳ Одина бо шукӯҳи хос дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷашн гирифта шуд.
Орумбек Шамсиддинзода, вазири фар-ҳанги ҷумҳурӣ, бо табрики ҳунарпешагону ҳаводорони он ба ин рӯзи муборак ва  санаи фархунда изҳор дошт, ки соли равон ин ду ҷашни фархунда дар арафаи мавриди истифода қарор гирифтани нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун таҷлил мешавад. Ва ҳам афзуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019, барои фаъолияти пурсамари театрӣ заминаи мусоидро фароҳам оварданд.
Театри тоҷик, воқеан, чун солҳои пешини даврони истиқлол дар соли равон низ бо таҳияи намоишномаҳои нав дар боло бурдани сатҳи маънавиёти мардум нақши босазо гузошт. Ҳамчунин, бо намоиши асарҳои ҷолибу пурмазмун дар хориҷи кишвар дастовардҳои ҳунарии миллатро бештару беҳтар муаррифӣ намуд.
Бо зикри фаъолияти пурсамари композитор Фаттоҳ Одина изҳор гардид, ки ӯ бо истеъдоди фавқулодаи хеш дар рушди мусиқии касбии тоҷик саҳми чашмрас гирифтааст. «Парасту», «Бузаки ҷингилапо», «Увертюраи ҷавонӣ», достони симфонии «Ленин дар Помир» (аз рӯи достони Мирсаид Миршакар), «Падарамро набаред», «Бародарам», «Ман доғ», «Фалак», «Насими кӯҳсор» аз ҷумлаи асарҳои ин композитор мебошанд.
Фаттоҳ Одина барои беш аз 10 кинофилм ва намоиши театрӣ мусиқӣ эҷод карда, муаллифи қариб 300 суруд мебошад.
Ба хотири гиромидошти ӯ ва қадрдонии заҳматҳои эҷодияш қасри навбунёду бошукӯҳи фарҳанги ноҳияи Темурмалик ба номаш гузошта шуд.
Ибодулло Машраб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, бо табрики ҳамкасбону ҳампешагонаш шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу амнияти пойдор намуд, ки барои рушди соҳаи фарҳанг, аз ҷумла театр имкониятҳои мусоид фароҳам омадааст. Бо сипосгузории ин ҳама ва ғамхориву дастгирии зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, ки мо бо шинохти рисолати шаҳрвандӣ ва ҳунарӣ бо таҳияи асарҳои баландғоя дар рушди соҳа, пешрафту тараққиёти маънавиёти мамлакат саҳми арзанда мегирем.
Ҷашнро иҷрои намоишҳои идона ва асарҳои мондагори композитор Фаттоҳ Одина шукӯҳи хос бахшиданду хотирмон намуданд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2018    №: 218    Мутолиа карданд: 866
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед