logo

туризм

"АЛМОСӢ" ВА РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҲИСОР

Бино ба ақидаи  коршиносон, Парваришгоҳи «Алмосӣ»,  ки 40 километр дуртар аз шаҳри Душанбе дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, миёни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақо дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, барои сайёҳии пиёдагардии экологӣ ва кӯҳгардӣ хеле мувофиқ аст. 
Он соли 1984 дар масоҳати 6 ҳазор гектар бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории генофонд ва барқарор намудани захира ва мавзеъҳои паҳншавии намуди нодири эндемикии флораи Тоҷикистон – гиёҳи Амонқара, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, таъсис ёфт. Парваришгоҳ барҳақ комплекси нодири табиии гуногуншакли экосистемаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ба шумор меравад. Релйефаш кӯҳӣ буда, дорои кӯлу обҳои фаровон низ мебошад.
Олотҳои сангини аз ҳудуди парваришгоҳ дарёфтшуда, аз асрори таърихи ташаккул ва рушди ҷамъияти инсонии гузаштаи дур ҳикоят мекунанд, ки дар осорхонаҳои шаҳр ва макотиби № 39 ва № 50 маҳфузанд.  Бо кашфиётҳои аҷиб чун «Тахти Сулаймон», «Пайи дулдур», «Мазораи Хусангибод» ва «Бобомазор»  тарзи зисти давраи ҷамъияти ибтидоӣ  маълум шудааст.
Кӯҳи «Тахти Сулаймон» мисли ҷавонмарди қавипайкаре менамояд. Аз байни кӯҳ шаршара ҷорӣ гашта, баъд ба шохобҳо ҷудо мегардад. Кӯҳ бешубҳа ёдгории табиӣ - таърихии ин минтақа маҳсуб меёбад. Дар он ҷинсҳои кӯҳӣ ба назар мерасанд, ки дорои аҳамияти илмӣ буда, кайҳост таваҷҷуҳи олимони соҳаро ҷалб кардаанд.
Олами ҳайвонот дар ин мавзеъ бо хусусиятҳои зист дар кӯҳсор тафовут дорад. Чун ҳарорати ҳаво шабона пойин меравад, бошандагони он – хазандагон, ҳашарот, хояндагон ва ҳайвонот дар ин вақт паноҳ мебаранд. Ғайр аз ин, парандагони тезчангол мисли уқобу бургут ва лошахӯр зиёд вомехӯранд. Олами ғанӣ ва нотакрори гулу гиёҳ ва рустаниҳои шифобахши парваришгоҳ мавриди омӯзиши олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳисор барҳақ дорои гӯшаҳои зебою афсонавии сайёҳӣ мебошад. Яке аз муъҷизаҳои табиат  - кӯли пурасрори Ҷувозак мебошад, ки дар ҳалқаи кӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст. Тибқи гуфтаҳои сокинони маҳаллӣ, солҳои пеш дар ин талу пушта ва кӯҳҳои атроф галаи гавазнҳо ва оҳувони бухороиро бемалол дидан мумкин буд.
Дар самти шимолу шарқии кӯли Ҷувозак қаторкӯҳҳои пурганҷ қарор доранд. Тамоми фасли сол оби кӯл соф буда, ҳатто, сангҳои қаъри он ба назар менамоянд. Оби кӯл доимо якмаром ҷорӣ буда, хеле хуштамъ аст. Худи кӯл орому пурасрор, дар соҳилаш буттаҳои нодир рӯидаанд. Ба андешаи олимон чуқурии кӯл аз 15 то 20 метрро ташкил медиҳад.
Кӯли Ҷувозак шоҳкории табиат буда, релйефи тағйирёбанда дорад. Болои кӯлро доим абрпораҳо фаро гирифта, сари чанд вақт боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд. Атрофашро дарахтони нодиру обсабзҳо ва арчазорон печондаанд. Қобили зикр аст, ки арчазорон аз кӯҳи "Тахти Сулаймон" то кӯли Ҷувозак доман паҳн намудаанд. Байни мардуми маҳаллӣ дар бораи кӯли Ҷувозак ривоятҳои зиёд паҳн шудаанд. Мутобиқи яке аз онҳо дар ин ҷо гӯё пайдо шудани аспи обиро мушоҳида кардаанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки таркиби оби кӯли Ҷувозак бояд омӯхта шавад ва барои ба макони сайёҳон, дӯстдорони табиат ва асоси рушди сайёҳии экологӣ табдил гардидани он чораҳои зарурӣ бояд андешид. Зеро ҳамаи ин дороиҳо асоси ворид кардани парваришгоҳ ба хатсайрҳои сайёҳии ин минтақа ва рушди сайёҳии экологӣ дар Ҳисор мебошанд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2018    №: 219    Мутолиа карданд: 1175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед