logo

фарҳанг

СУХАНСАНҶИ ВОЛОФИТРАТ

Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртии Хатлонӣ як тан аз зумраи он суханвароне будааст, ки бо вуҷуди таълифи осори гаронмояи манзуму мансур, ба монанди «Девони ашъор», манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷуда», маснавии «Комде ва Мадан», «Мунтахаб-ул-ахбор фӣ табақоти салотин», рисолаи «Хутути ашколи исломия», ки дар куллиёти эшон гирд омадаанд, хидмати ба нафъи ҷомеа анҷомдодаи худро ночиз шумурда ва бо камоли ҳилму фурӯтанӣ гуфтааст:
Коре зи ту, Ҳоҷӣ, дар замона
Н-омад, ки ба ёдгор монад.
Аммо корҳои ба ёдгормондаи устод Ҳоҷӣ Ҳусайн барои мо ночиз нестанд, бо қимати таърихӣ, фалсафӣ ва адабии худ ҳар як дар соҳати илми муосир ҷойгоҳи вижа дошта, дархӯри пажӯҳишу натиҷагирӣ мебошад, бахусус аз нигоҳи забон. Чакидаҳои хомаи шоир аз ҳисоби воҳидҳои луғавии миллӣ маводи фаровонро дар бар дорад ва дар заминаи онҳо  метавон ба диди фарохи эшон арҷ гузошт, зеро ин амалро танҳо як қаламзани  меҳандӯст метавонист сомон диҳад. Байти:
Рафти сухан бар сари Хатлон бувад,
Ҳубби Ватан гӯшаи имон бувад,
гувоҳ бар нуқтаи назари мост. Яъне, Ҳоҷӣ Ҳусайн аз зумраи он адибоне набудааст, ки маҳз ба ҳавои шеъру сухани шуарои пешин қалам ба даст гирифтаву хомафарсоӣ кардаанд ва ағлаб навиштаҳояшон низ орӣ аз махсусияти эҷодӣ сурат гирифта. Ҳоло дар ин маҳдуда наметавон аз онон ном бурд ва барои қиёс мисол пешниҳод кард. Абёти поён бар ин гувоҳ аст ва ин суханро тасдиқ мекунад:
Сухан дорам, валекин сарсарӣ нест,
Майи завқи хумор, аммо парӣ нест.

***
Арши суханро бидиҳам бартарӣ,
Фарши хирадро бикунам зеварӣ.

***
Халоиқ бар абас тақлиди вазъи
 якдигар доранд,
Нагардад саг ҳумо аз
устухонисахтхоиҳо.
ва ғайра.
Аммо ин байт:
Ҷуз мазҳаби худ якҷиҳатон
ҳеҷ нафаҳманд
З-алфози «Муҷастӣ»-ву зи «Занд»-у
хати «Позанд»,
аз як сӯ, далели таъриху фалсафаву  забондонии ин орифи маънӣ буда бошад, аз сӯйи дигар, бозгӯйи ҷасораташон аст, зеро дар он айём ёдкард аз ҳикмати юнонӣ ва аз китоби «Авасто» - ву тафсири он, саҳеҳтараш аз фарҳанги тоисломӣ, куфр маҳсуб мешуд. Ҳамин озодандешӣ ва ҷуръати эҷодӣ боиси ғановати луғавӣ, рангинии сухан ва фасоҳати гуфтору навиштори Ҳоҷӣ Ҳусайн гардидааст, ки аз ин лиҳоз имтиёз дорад. Аз ҳунари гузиниши дурдонаҳо аз ганҷинаи сухан ва заҳмати дар амри суханофариниву вожасозӣ анҷомдодааш ба ин натиҷа расидем, ки дар заминаи инкишофи забон саҳмгузор будааст. Чунончи, пас аз фурӯпошии давлати Сомониён эҷодиёти кам адиберо метавон намуна овард, ки вожаҳои собиқаи тоисломидоштаро, чун жарф (чуқур, умқ, амиқ), вом (қарз), газанд (зарар),  ба кор бурда бошад, аммо Ҳоҷӣ Ҳусайн аз истифодаи ин гуна калимаҳо иҷтиноб наварзидааст:
Пайи рангинии ин номаи жарф
Давоти сина шуд лабрези шанҷарф.

***
Мушки Хито зи накҳати зулфат
 ба вом рафт,
Дар кисаи сабо шуду додаш савоб рух.
***
Аз ҳум - ҳуми рафтагонам хоби  роҳат
шуд ҳаром,
Бар сари раҳ хуфтаро овози по дорад
газанд.
Аз сухани шоир дарёфтем, ки бо такя ба қоидаи вожасозии суннатӣ калимаҳои мураккаби бисёр сохта ё аз забони мардум интихоб кардааст, ба мисли саҳлкор, навбатгир,  раҳгир, ғалатгир, нуктафармо (Ин соили саҳлкор мепурс; Гарчи ҳама з-ин шароб навбатгиранд…; Шавад аблаҳнавое нуктафармову ғалатгираш; Хиҷолат нест бар девона раҳгир…) ва ғайра.
Вожаҳои адабвар, ибратгар (дар ибораҳои марди адабвар, дидаи ибратгар), таркибҳои дастгоҳи ҳиммат, арзагоҳи  нома, сари қаҳр, нософии дил, умри дарози носазовор ва ҳоказо аз таровишҳои килки маънигустари ин суханвари бузург ба шумор мераванд. Як - ду мисол:
***
Ки дар назди шаҳони додгустар
Наёбад бор ҷуз марди адабвар.

***
Мункир куҷост, дидаи ибратгар
аст боз,
То бингарад, ки соати ҳашр
ошкор шуд.
***
Ба андак ҷурм рафтӣ бар сари қаҳр,
Шароби илтифотат рехт дар заҳр?...
Ҳоҷӣ Ҳусайн ҷиҳати зебоиву муассирии сухан аз унсурҳои тасвир моҳир кор гирифтааст. Аз ҷумла, таркибҳои маҷозиро, ки дар забони халқ маъмул будаанд, фаровон истифода кардааст.
Дар куллиёти шоир сухан ба таҳи гӯш кардан, дида чор кардан, гуфтор рехтан, хоб шикастан, ҷавонӣ рафтан чун муродифи таркибҳои аслии суханро нашунидан ё ба сухан эътибор надодан, интизор будан, сухан зиёд гуфтан, аз хоб нофор кардан ё хобро вайрон кардан, умр гузаштан ё пир шудан ба кор рафтаанд, ки мӯҷиби тақвият ёфтани шеваи баён шудаанд. Мисол:
Сухани сарди рақибон ба таҳи
гӯш кунӣ,
Ҳарфи моро биниҳӣ туҳмати афсона
чаро?
***
Ҳоҷӣ барои дидани рӯят ба чор раҳ
Умре нишасту дидаи худ чор
 карду рафт.
***
Биё, мутриб, бизан сози хамӯшӣ,
Ҷавонӣ рафт, бас, беҷохурӯшӣ.
Яъне, омӯзиши забон ва тарзи баёни ин мутафаккири барҷастаи адабиёти поёни садаи ХIХ ва оғози садаи ХХ, бешак, ба такмили сухани имрӯз ва луғатномаи мо - «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мусоидат менамояд. Ба ин фарҳангнома аз осори Ҳоҷӣ Ҳусайн танҳо 81 калима роҳ ёфтаасту бас, ҳол он ки миқдори мақулаҳои луғавии дар он ҷододанӣ аз 1000 беш аст.
Сулаймон АНВАРӢ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2018    №: 219    Мутолиа карданд: 795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед