logo

фарҳанг

ТӮРАҚУЛ ЗЕҲНӢ. БУЗУРГДОШТИ ОЛИМ ВА РӮЗНОМАНИГОР

Ба хотири гиромидошти олим, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Тӯрақул Зеҳнӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги тоҷик» конференсияи илмии байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия олимону муҳаққиқон ва адибон аз Россия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин, пайвандону алоқамандони эҷодиёти Тӯрақул Зеҳнӣ иштирок доштанд. Ҳамоишро муовини президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муъминов ифтитоҳ карда, гуфт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии ҷомеаи Тоҷикистон хеле боло рафта, дар бедории насли ҷавон таъсири бузург расонда истодааст.
Дар конференсия зикр шуд, ки нахустин дастури саҳву наҳви забони тоҷикиро Тӯрақул Зеҳнӣ омода карда, аз ҷумлаи аввалин нафаронест, ки барои гузаштан ба хати нав ва мубориза бо бесаводӣ хизмати бузург намудааст.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар, зимни суханронӣ ба муҳимияти бузургдошти хотираи фарзандони барӯманди миллат ишора карда, зикр намуд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлатдорӣ арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, гузаштагони миллат ва заҳматҳои онҳо нақши муҳим дорад. «Баргузории ёдбуди Тӯрақул Зеҳнӣ гувоҳи он аст, ки мо ба таъриху гузаштаи худ арҷ мегузорем.  Рӯзгори устод барои ҳар яки мо ибратомӯз аст. Китоби «Санъати сухан» - и Зеҳнӣ имрӯз китоби рӯйимизии ҳар як муҳаққиқи соҳаи забон аст. Имрӯз мо имкон дорем аз асарҳои офаридаи устод бе мушкилӣ истифода барем. Дар замони шӯравӣ ин имкон набуд, зеро бисёре аз китобҳои устод чоп нашуда, дастраси ҳамагон набуданд», - гуфт Ш.  Орумбекзода.
Дар мавзӯи «Мероси Тӯрақул Зеҳнӣ аз назари дип- ломатияи фарҳангӣ» суханронии Мунира Шаҳидӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шунида шуд. М. Шаҳидӣ таъкид дошт, ки Тӯрақул Зеҳнӣ аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони кишвар ба ҳисоб меравад.
- Имрӯз ба осори Тӯрақул Зеҳнӣ бояд бештар таваҷҷуҳ кард. Устод тӯли фаъолияти пурсамари худ ба масъалаҳои гуногуни замони хеш таваҷҷуҳ карда, андешаҳои ҷолибу пурарзиш пешниҳод кардаанд. Махсусан, масъалаҳои забон ва хат дар осори илмии устод ба таври равшан ва густурда инъикос ёфтаанд, - гуфт М. Шаҳидӣ.
Парвин ОЛИМОВА

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2018    №: 220    Мутолиа карданд: 1078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед