logo

фарҳанг

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “НАРОДНАЯ ГАЗЕТА”

12 ноябр дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси” - и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни нашрияи ҳукуматии “Народная газета” сурат гирифт. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг, Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, роҳбарони нашрияҳои давлатӣ ва дигар кормандони ВАО ҳузур доштанд.
Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нашрияи мазкур 1 март таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – роҳ ба сӯи ваҳдати халқҳо» сабқати эҷодиро барои беҳтарин мақолаҳо роҳандозӣ кард. Озмун дар ду бахш – сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то 1 ноябр идома ёфт. Дар ин муддат наздики 100 мақола дар саҳифаҳои нашрия интишор гардид ва аз ин миён дар ниҳоят 40 мақолаи беҳтарин мавриди баррасии ҳакамон қарор гирифт.
Дар бахши сайёҳӣ ҷои аввал насиби донишҷӯи Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон Нигина Қаҳҳорова, ҷойи дувум устоди варзиш Геннадий Набиев ва ҷойи сеюм насиби ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Хайринисо Боқиева шуд.
Дар бахши ҳунарҳои мардумӣ хабарнигори нашрияи «Народная газета» Марҳабо Зунунова, нависанда Довудшоҳ Сулаймоншоҳ ва  омӯзгори ноҳияи Муъминобод Нурулло Ҳасанов мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро гирифтанд.
Барои матолиби ҷолиб журналистон Олег Соболев ва Владимир Фролов, доктори илмҳои филология Шариф Муллоев, омӯзгори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб Мадисо Саъдуллоев, хабарнигорони “Народная газета” Атригул Ризвоншоева ва Сайидо Назаров бо дипломҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ва туҳфаҳои хотиравии сарпарастон - меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”, ҶДММ “Рухом” ва ҶДММ “Асрори санг” қадр шуданд.
“Озмуни мо кӯшиши саҳм гирифтан дар тарғиби сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки бо ибтикорашон соли равон таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба он равона шудааст. Дар ҷараёни озмун тавассути мақолаҳои иштирокчиён вазъи имрӯза, дастовардҳои шоиста, имкониятҳои калон ва пешомадҳои соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ инъикос ёфтанд. Онҳо дилпур месозанд, ки соҳаи туризм воқеан метавонад омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад”, - иброз дошт сармуҳаррири нашрияи «Народная газета» Маҳбуба Камолова.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2018    №: 220    Мутолиа карданд: 864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед