мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Асхат Каримбойро ба ҳузур пазируфт
29 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Шӯрои сиёсӣ - машваратии ноҳияи Синтсзяну Уйғур Асхат Каримбойро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, пеш аз ҳама энергетика баррасӣ шуданд.
Гуфтугӯйи судманд оид ба нақшаҳои муштараки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод – 1», Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, зеристгоҳи 500-киловолтаи Роғун ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Роғун - Душанбе ва Хуҷанд - Айнӣ сурат гирифт.
Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, робитаҳои иқтисодии ду кишварро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1965