logo

номаҳо

ТАШАББУСИ САРВАРИ ДАВЛАТРО ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми ягонаи энергетикӣ бунёд гардид ва бо мақсади таъмини рафтуомади доимии сокинони минтақаҳои гуногуни кишварамон шоҳроҳу нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳои замонавиро сохта, ба истифода доданд.
Сиёсати хирадмандона ва дурнамои Пешвои миллат қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро ба як кишвари воҳид табдил дод. Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ карда, аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетиро зиёд кард.
Дар даврони истиқлолият бо вуҷуди он ки шумораи аҳолии мамлакат ба таври чашмрас то 9 миллион нафар афзоиш ёфт, сатҳу сифати зиндагии мардум беш аз пеш дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки рушди маҳал, бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум ба талаботи имрӯзаи Президенти мамлакат ҷавобгӯ намебошад.
Вобаста ба ин, 12 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд: «Дар давоми се соли дарпешистода, яъне то 9 сентябри соли 2021 зарур аст, ки дар ҳар як маҳали аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10 - 15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад».
Ин аст, ки ташаббуси миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми қишрҳои ҷомеа ҳаматарафа дастгирӣ карда, дар деҳоти мамлакат бунёди бунгоҳи тиббӣ, китобхонаву ҳаммомҳо, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо корҳои сохтмониву ободонӣ оғоз гардидаанд.
Мо - сокинони мамлакат тавассути барномаҳои ҳаррӯзаи телевизионӣ ва хабарҳои рӯзномаҳои даврӣ аз ободу зебо гардидани маҳалҳои зист ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум огоҳӣ ёфта, шукронаи осоиштагиву амонӣ мекунем. 
Созандагиҳо аз садоқати амиқи мардум ба сиёсати Пешвои миллат аст, ки ин шоистаи ифтихор аст. Ифтихори миллӣ аз ҳамин ифтихорҳои маҳаллӣ фароҳам меояд.
Боиси сарфарозист, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа бо ҳисси дилсӯзӣ саҳми арзандаи худро дар ободонии мамлакати азизамон гузошта истодаанд, ки подоши он ҳастию пойдории миллату давлат мебошад.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
сокини шаҳри Душанбе

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2018    №: 222    Мутолиа карданд: 1864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед