logo

суханрониҳо

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», шаҳри Роғун, 16 ноябри соли 2018

Ҳамватанони азиз!
Бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун»!
Меҳмонон ва ҳозирони гиромӣ!
Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат - Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид. Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад. Ба ин муносибат, кулли сокинони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона ва сидқан табрик менамоям. Ин лаҳзаҳои таърихиро, ҳамчунин, ба шумо, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон додед, табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор менамоям!
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ, аз рӯзҳои аввал бо дарки масъулияти бузург дар назди мардуми тоҷик тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо ба бунёди неругоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд. Зеро мо амиқан дарк мекардем, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.
Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт амалинамудаи Ҳукумат ва ба шарофати заҳмати содиқонаи шумо, бунёдгарони ин иншооти таърихӣ имрӯз мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон - таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, яъне шарти асосии ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дар айни замон тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ хеле наздик шудем. Чунки «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид. Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмону васли таҷҳизот дар неругоҳ бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, ташхиси ҳамаҷониба аз ҷониби коршиносони баландихтисосу соҳибтаҷриба ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон анҷом дода шуданд ва ин кор то анҷоми пурраи иншоот идома пайдо хоҳад кард.
Махсус таъкид месозам, ки корҳои ташхиси лоиҳа аз ҷониби беҳтарин мутахассисону коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ панҷ - шаш сол идома пайдо карданд. Бунёди сарбанди неругоҳ, ки сатҳи баланди касбият ва таҷрибаи зиёдро тақозо менамояд, ба уҳдаи ғолиби тендери байналмилалӣ - Ширкати итолиёии “Салини Импреҷило” вогузор гардидааст.
Тавре ки ҳамватанони азизамон дар ёд доранд, мо 29 - уми октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахшро тағйир додем, ки ин ба бунёди таҳкурсии пешдарғоти сарбанди 335 - метраи неругоҳ асоси боэътимод гузошт. То имрӯз бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудааст, бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, ки дар ҷаҳон назир надорад.
Ман аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ҳамаи муҳандисону мутахассисони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарону кормандони ширкатҳои бонуфузи чандин кишварҳои хориҷӣ, ки васлу насб ва бандубасти таҷҳизоти гидрогенератори агрегати шашуми неругоҳро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом дода, ҳоло чунин корро дар агрегати панҷум идома дода истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.
Корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 67 ташкилоту муассисаҳо, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодаанд.
Қобили зикр аст, ки бунёди ин неругоҳ аз ҳар шахсе, ки дар он иштирок мекунад, пеш аз ҳама, нақбканҳо ва, умуман, ҳамаи мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёдро талаб мекунад, зеро 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд.
Воқеан, неругоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст. Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд.
Ҳамватанони азиз!
Дар кишвари мо тайи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи энергетика, таҳкими низоми энергетикӣ, баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии таъминоти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт бо барқ, дастрасии доимии муштариён ба неруи барқ ва кам намудани талафоти техникии он, дар маҷмӯъ, 25 лоиҳа ба маблағи умумии 23 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 9 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар баробари ба истифода супурдани иншооти навбати аввали неругоҳи “Роғун” ва истеҳсоли барқи аввал, ки ҳоло мо шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем, то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, бунёди хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи Роғун - Душанбе ба маблағи 745 миллион сомонӣ ва зеристгоҳи барқии неругоҳ бо харҷи 630 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Ба шарофати иншооти зикршуда чанд лаҳза пеш Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст гардид ва барқи истеҳсоли “Роғун” ба хонадони ҳар як сокини кишвар расид.
Корҳои сохтмону васлгарӣ дар нақбҳои сохтмонии якуму дуюм пурра ба анҷом расонда шуданд ва нақби сохтмонии сеюм низ, ки бо тавсияи коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ ба хотири таъмини бехатарии иншоот ҳангоми серобии эҳтимолӣ ба нақша гирифта шудааст, дар муҳлати муқарраргардида сохта шуд.
Барои ба истифода додани агрегатҳои минбаъда корҳо дар нақбҳои нақлиётиву ёрирасон низ вусъат ёфта истодаанд ва бо итминон гуфта метавонем, ки агрегати дуюми неругоҳ тибқи нақша соли 2019 ба кор андохта мешавад.
Хотирнишон месозам, ки марҳалаи имрӯза ҳанӯз оғози кор буда, барои пурра ба анҷом расондани корҳо дар неругоҳ вақт ва заҳмати зиёд зарур аст. Вале, бо дарназардошти таҷриба ва натиҷаҳои то имрӯз бадастовардаамон дилпурона изҳор медорам, ки мо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» - ро дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом мерасонем.
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози корҳои сохтмон то имрӯз иншооти неругоҳро аз ҳисоби буҷети давлат дар ҳаҷми умумии 24 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ намуд. Танҳо барои иҷрои корҳои сохтмони пешдарғот аз соли 2016 то инҷониб сею ним миллиард сомонӣ сарф шудааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар хотир доранд, ки ман 5 - уми январи соли 2010 ба онҳо муроҷиат намуда, даъват карда будам, ки саҳми худро дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне манбаи нуру гармии хонадони хеш гузоранд. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба ҳамаи онҳое, ки даъвати моро пазируфта, саҳмияҳои неругоҳро харидорӣ карданд ва барои оғози корҳои сохтмони он саҳми ватандӯстона гузоштанд, миннатдории самимӣ баён мекунам.
Дар ин рӯзи саиду муборак ба намояндагони ҳамаи ширкатҳои хориҷие, ки дар ин иншооти тақдирсози халқи мо паҳлу ба паҳлу бо бунёдкорони тоҷик заҳмат мекашанд, инчунин, ба аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳори сипос карда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои нав орзу менамоям.
Азми қатъӣ ва иродаи матини фарзандони ватандӯст ва бонангу номусе, ки ҳоло дар ин майдони заҳмати мардона мушоҳида мегардад, моро ба ояндаи ободи Тоҷикистони азизамон умеди қавӣ мебахшад.
Баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки неругоҳи «Роғун» - ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем.
«Роғун» баъди пурра ба кор даромадани он боргоҳи бузурги нуру гармӣ мешавад, орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд.
«Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!
Бори дигар, агрегати аввал, нури аввал ва нахустшуълаи чароғистони бузурги миллатро, ки ба ҳар хонадони кишвар расид, яъне оғози давраи нави ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол ва ҳамаи шумо, ҳозирони арҷманд сидқан ва самимона табрик мегӯям.
Оғози кори «Роғун» - кохи бузурги нур, шарти пешрафти устувори Ватан, рӯзгори обод ва рӯи сурхи ҳар як фарди мамлакат муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Ҳазорон аҳсану офарин ба бунёдкорони «Роғун» - қаҳрамонони арсаи заҳмати созандаву мардона!
Шараф ба мардуми ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус ва заҳматпешаву сарбаланди Тоҷикистон!
Халқи бузургвори ман! Хонадони ҳар як фарди ту аз нури «Роғун» то абад равшан, қалби хурду бузурги сокинонат то ҷовидон гарм аз меҳри Ватан бошад!
Ҷовидон бод Истиқлоли давлати тоҷикон!
Пояндаву абадӣ бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон!
Роҳат сафеду пурнур, озодиву истиқлолат ҷовидонӣ, қадамҳоят ба сӯи фардои обод устувор ва хонадани ҳар як фарзандат пур аз хушбахтиву иқбол бошад, Тоҷикистони азиз!
Ҳамеша саломату сарбаланд ва хушбахту хушиқбол бошед, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 1201
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед