logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. САҲИФАИ НАВ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монандӣ доранд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории тоҷику ӯзбек мебошанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳар ду кишвар сурат гирифтанд. Дар ҷараёни сафарҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидӣ баррасӣ гаштанд.
Дар қатори дигар санадҳои баимзорасида, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон  оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Шарофат Эрматова, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон - «Ориёно», дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро дар ин бора чунин баён дошт:
- Хурду калони Ӯзбекистон ин навиди дӯстиро гарм истиқбол намуданд ва барои ин корнамоияшон ба ин ду марди далеру дурандеш аҳсант мехонанд. Бештари санаду шартномаҳои ҳамкорӣ, бавижа Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба шарикии стратегӣ, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид, барои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории байни ду давлат ва мардум, инчунин, барои сулҳу субот, амният ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат хоҳад намуд.
Дар ин робита, тарафҳо азми қавии худро барои идомаи фаъолияти муштарак ҷиҳати нигоҳ доштани тамоюли баланди  инкишофи муносибатҳо, таъмини татбиқи саривақтӣ ва пурраи аҳду паймонҳои басташуда таъкид намуданд. Ин ҳама мардумро ба ояндаи нек дилгармӣ бахшид. Ба роҳбарони ду кишвар сано мегӯям. Иқдоми башардӯстонаи онҳоро на танҳо ман, балки тамоми мардуми тоҷику ӯзбек аз дилу ҷон истиқбол намуданд.
Имрӯз дар Ӯзбекистон 245 мактаби тоҷикӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, дар донишгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз, Фарғона факултаҳои филологияи тоҷик фаъоланд. Дар донишгоҳи Самарқанд 9 гурӯҳи тоҷикӣ амал мекунад. Бо итминон гуфта метавонам, ки аз ин пас сатҳу сифати таълим дар ин муассисаҳо беҳтару хубтар мегардад. Зеро сарони ҳар ду давлат бо таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои вусъат додани  муносибатҳои тарафайн дар соҳаи маориф ва илм аҳамияти Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ  дар бораи таҳсилотро, ки дар доираи боздиди давлатӣ  ба имзо расид, таъкид намуданд.
 Тарафҳо минбаъд ҳам кӯшиш хоҳанд намуд, ки барои тоҷикон ва ӯзбекони дар қаламрави онҳо сукунатдошта ҷиҳати ҳифз ва инкишоф додани забони модарӣ, фарҳанги миллию расму оинҳои аҷдодиашон шароити мусоид фароҳам созанд.  Супориши сарони давлатҳо оид ба масъалаи такмил додани омӯзишу омӯзондани забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, тавсеаи шабакаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ, ба тарзи матлуб ба роҳ мондани ҳамкориҳо доир ба мубодилаи китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ, нашрияҳои даврию асарҳои илмӣ, инчунин, дастгирии тарҷумаи осори адабии классикӣ ва нависандагону шоирони муосири ду кишвар тадбирҳои саривақтӣ мебошанд.
Дар як муддати кӯтоҳ мушкилоти мавҷуда пайи ҳам ҳал шуда истодааст. Барои мисол, солҳои пеш китобҳои дарсиро худи устодон  тарҷума мекарданд ва аз рӯйи он дарс мегуфтанд. Ҳоло, тадриҷан, ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфта истодааст. Оянда китобҳои дарсиро аз Тоҷикистон дастрас менамоем. Ин барои хонандагони тоҷик бисёр муҳим аст. Дар масъалаи омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ норасоӣ надорем. Муаллимон забони модариашонро хуб медонанд.
Дар баробари ин, агар ба рӯзномаҳои даврӣ дастрасӣ медоштем, бисёр хуб мешуд, зеро мо низ аз навгониҳои забони модарии худ огаҳ мешудем.  Мо ба рӯзноманигорони  тоҷик бисёр эҳтиёҷ дорем. Умедворам, бо ба роҳ мондани таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон кор дар ин самт низоми худро меёбад.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2018    №: 225    Мутолиа карданд: 1030
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед