logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Худоёр Юсуфбеков ҳамчун олими шинохтаи соҳаи  рустанипарварӣ дар омӯзиши хусусиятҳои биологии рустаниҳои хӯроки чорво  саҳми арзанда дорад. Ӯ ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳоро  аз солҳои панҷоҳуми  асри гузашта оғоз намуда буд. Тадқиқоти  бисёрсолааш  дар минтақаҳои  гуногуни  Помир натиҷаҳои  дилхоҳ доданд.
Аввалин кори илмии пурарзише, ки Х. Юсуфбеков  доир ба рустанипарварӣ анҷом дод, ин усулҳои  ба марғзор табдил додани чарогоҳҳои биёбони Помири Ғарбӣ бо роҳи кишт намудани  алафҳои бисёрсола буд. Ӯ бо роҳбарии профессор  А. Гурский доир ба азхудкунии  регзор ва қумзорҳои  кӯчандаи водии Вахону Ғундро бо истифода аз 30 намуд алафҳои бисёрсола, буттаю нимбуттаҳо омӯхта, натиҷаҳои муфид ба даст овард. Ин натиҷаҳо аҳамияти  бунёдӣ ва амалӣ доштанд. Он солҳо Х. Юсуфбеков усулҳои  ташкил  намудани  чарогоҳҳои серҳосили рустаниҳои  хӯроки чорворо  бо роҳи обмонии  гуногунреҷа  ва кишти  алафҳо, бе дигаргун кардани қабати рӯизаминии наботот аз ҷиҳати  илмӣ асоснок намуд. Натиҷаи ин таҳқиқот, ки дар  хоҷагиҳои  ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим васеъ истифода мешуданд, асоси рисолаи  номзадии  Х.Юсуфбековро ташкил доданд.
Бо ташаббуси ӯ, ҳамчунин, дар  Стансияи биологии Помир  се лаборатория; физиология ва биохимияи рустаниҳо, интродуксияи  рустаниҳо ва геоботаникаи  таҷрибавӣ ташкил ёфт.
Хизматҳои  Х. Юсуфбеков  дар ташкил намудани   муассисаҳои  нави илмии Помир хеле  калон аст. Бо ташаббуси мавсуф соли 1969 дар  заминаи  се муассисаи  илмӣ – Стансия биологии  Помир, Боғи набототи Помир ва Бунгоҳи  таҳқиқотии  Ишкошим муассисаи нав – Институти биологии Помир ташкил шуд, ки ҳоло ба он номи Х. Юсуфбеков дода шудааст.
Х. Юсуфбеков ба омӯзиши захираҳои биологии Помир низ  диққати  калон медод. Ӯ захираҳои  минтақавии  мавзеъҳои  алоҳидаро  ҳамаҷониба  таҳлил намуда,  хулосаҳои  илмии  худро  дар китоби  «Набототи  Помири Ғарбӣ ва таҷрибаи  азнавсозии онҳо» пешниҳод намуд.
Дастовардҳои илмӣ ва қобилияти  ташкилотчигиашро ба назар гирифта,  соли 1968 - узви вобаста ва соли  1976 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон  интихоб намуданд. 
Худоёр Юсуфбеков дар маҷмӯъ, муаллифи  зиёда аз 150 асари  илмӣ мебошад, ки онҳо имрӯз барои кормандони соҳа ҳамчун дас-тур арзёбӣ мегарданд.
Хизматҳои дар роҳи илм намудаи академик Худоёр Юсуфбеков бо  якчанд ордену медалҳо, унвони Ходими хизматнишондодаи илми РСС  Тоҷикистон қадр шудааст.
Абдусаттор САИДОВ, ноиби  президенти  Академияи илмҳои 
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Оғоназар АҚНАЗАРОВ, академик,
Қувватбек ОДИЛБЕКОВ,
номзади илмҳои биология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2018    №: 226    Мутолиа карданд: 1639
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед