logo

номаҳо

АЗ "ҶУМҲУРИЯТ" СИПОСГУЗОРЕМ

Бо кӯшишҳои пайгиронаву роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳар рӯз навгониҳову  пешравиҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ба вуҷуд омада истодаанд. Мо, тоҷикистониён, шоҳидем, ки ҳар рӯзу соат ба шарофати қадамҳои мубораки Пешвои муаззами миллат ва кӯшишҳои ин абармарди ҷаҳонии сиёсат Ватани азизамон дар ҳама соҳаҳо рушд карда, Тоҷикистон машҳури олам мешавад.
Хушбахтона, дар доираи ҳамин ғамхориҳои  Сарвари давлат, бо мусоидати раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Маҳмадулло ва раиси ширкати «Сохтмони барқи Душанбе» Садриддин Саидов дар деҳаи куҳанбунёди Кӯктеппа тавассути хати нави барқ хонаҳои мардум равшану мунаввар гардид. Ин пешравӣ дар натиҷаи таҳқиқи арзи сокинон аз ҷониби рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашри матлаб ва тадбирандешии роҳбарияти ноҳия ба даст  омад.
Акнун имрӯзҳо аҳли деҳа метавонанд барномаҳои рангини шабакаҳои телевизиониро бароҳат тамошо кунанд, хонандагон аз технологияи нави муосир истифода намуда, донишҳои бунёдии худро боз ҳам сайқал диҳанд. Орзуи чандинсолаи мо ба 27 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омад.
20 сол пеш дар мавсими зимистон барои мардуми Зидеҳ рафтану омадан ба шаҳри Душанбе, ки дар баъзе мавридҳо роҳи 24 км – ро то мавзеи Ҳушёрӣ давоми 2 рӯз тай мекарданд, мушкил буд. Ҳоло бо обод шудани роҳҳо ин мушкил низ осон шудааст.
Шукри  истиқлолият, осудагӣ ва осоиштагӣ  мекунем,  ки  бо роҳбарии   хирадмандонаи   Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳо бартараф шуда, акнун тамоми сокинони  мамлакат  дар ҳама фасли сол  бо  ҳам  рафтуомад мекунанд.
Ба Нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» миннатдории кӯктеппа-гиёнро мерасонам, ки  дарди мардуми ин  деҳаи дурдастро  дарк намуда, пайи таҳқиқи он шуданд. Матлаби  нашршуда сабаб шуд, ки дар доираи супориши Сарвари давлат оид ба вокуниш ба матлабҳои интиқодии матбуот имрӯз мо, мардуми Кӯктеппа, соҳиби барқи доимӣ шудем. Тамоми пиру барнои деҳа дуогӯ аст, ки ҳамеша рӯзнома ҳамин тавр, дархӯри мардум бошад. Дар баробари ин, аз ширкати «Сохтмони барқи Душанбе» раисаш Садриддин Саидов, хусусан саркор Қодир Неъматов, бригадир Раҷабалӣ Носиров, коргарон Носир Носиров, Муҳсин Алиев, Маъруф Носиров, Алӣ Зайдуллоев ва Сайдалӣ Раҳимов сидқан миннатдор буда, дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳои нав ба навро орзумандем.
Ҳамчунин, ба ҳамаи онҳое, ки саҳми худро дар ин кори хайр гузоштанд, миннатдорӣ баён мекунем.
Саид САЪДУЛЛОЕВ, раиси маҳаллаи деҳаи Кӯктеппаи Ҷамоати
деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб
(аз номи сокинони деҳа)


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2018    №: 226    Мутолиа карданд: 2107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед