logo

номаҳо

ХУРОФОТ. ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Дар таърихи чандҳазорсолаи башарият ҳамроҳи ақидаи поки инсонӣ  маҷмӯи ақидаҳои бе аслу ботил, хилофи мантиқу шариат ба вуҷуд омада, мардуми авомро гумроҳ кардааст, ки ин зуҳуроти номатлубро хурофот ном ниҳодаанд.
Ҳамин тариқ, хурофот ин расму одатҳои зараровар, андешаҳои авомфиребона, тақлиди кӯр - кӯрона мебошад, ки реша дар ҷаҳлу нодонӣ  дорад.
Сад афсӯс, ки хурофотпарастӣ дар байни мардум дар ин айёми пешрафти илму фан то ҳол зиёд аст. Касоне, ки ба хурофот боварӣ доранд, аз зарари он бехабар ҳастанд ва дар як замон баъзе ин умури ботилро аз таълимоти шариати ислом мешуморанд.
Хурофотпарастӣ аз нигоҳи таълимоти дини ислом маҳкум карда мешавад, зеро ҳар феълу атворе, ки хилофи ақл бошаду пояи илмӣ надорад, мавриди мазаммат қарор мегирад ва бовар кардан ба ҳиллаву найранг, тақлиди кӯр - кӯрона  ба ақидаи динии мардум  таъсири манфӣ мерасонад.
Наъли ас про ба дару дарвоза задан, аз пеши мошин гурба гузарад, ба тарсу ваҳм афтодан, хуни гӯсфандро ба тани бемор молидан, ба сеҳру соҳирӣ  машғул шудан ва дар моҳи сафар тӯй накардан аз ҷумлаи хурофот маҳсуб мешаванд. Тавре зикр шуд, ҳамаи ин фаъолияту урфу одатҳои зараровар пояи илмӣ надоранд. 
Агар аз дидгоҳи Қуръони карим ва ҳадисҳои шариф назар афканем, дар ин сарчашмаҳои муътабар ба ақлоният, тафаккур, эътиқоду эътимоди асоснок ва судбахш даъват карда мешавад. Таваҷҷуҳи хос зоҳир кардан ба хурофот мардумро ба ҷаҳолат мебарад. Аз ин рӯ, олимон, шоирону нависандагон, ходимони дин, дар умум, аҳли зиёи кишвар бояд бар зидди хурофот мубориза барем. Оре, агар мехоҳем, воқеан, миллати тамаддунсозу пешрафта бошем.
ҲУСАЙН МӮСОЗОДА, сархатиби масҷиди марказии
Шайх Маслиҳатдини вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 2078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед