logo

фарҳанг

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ОҒОЗИ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ ЗЕБО

Дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба кори  худ шурӯъ кард, ки то 27 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад. Дар намоиш раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Музаффар Давлатзода, мутахассисони соҳа ва омӯзгорону хонандагони мактабҳои шаҳр ширкат доштанд.

ТАВАҶҶУҲИ АҲОЛИИ ШАҲР БА ҲУНАРҲОИ ЗЕБО
- Сокинони меҳнатқарини шаҳри Турсунзода дар кишвар бо ҳунармандони чирадаст, кулолони кордида, дӯзандагону мусаввирон, шоирону ромишгарони хеш шинохта шудааст. Чорабинии имрӯза таҳрики дигарест барои рушди ҳунарҳои мурдумӣ. Аз сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар аз ҳама сокинони шаҳри мо рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд ва бо рағбати бештар машғули корҳои дастӣ шуданд, - изҳор дошт Абдуқодир Вализода.

ҲАДАФ  ВА ДУРНАМО
Бино ба гуфтаи Ҷамшед Ғанизода, намоиши мазкур як навъ ҳисоботи донишкада аз фаъолияти панҷсолааш аст. Зеро ин муассиса бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 таъсис ёфт ва имсол ба ташкилёбии он панҷ сол пур мешавад.
- Мо дар ин муддати кӯтоҳ мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла рассомон, наққошон, тарроҳон, кандакорон, наҷҷорон, ҳайкалтарошон, гаҷкорон ва устоҳои дастикорро тарбия намуда, ба рафти корҳои ободониву созандагии кишварамон сафарбар намудем. Ҳоло нахустин хатмкунандагони он дар дохилу хориҷи кишвар нуфуз ёфтаанд ва дар муаррифии Ватанамон саҳм мегузоранд, - афзуд Ҷ. Ғанизода.
Сабаби дар шаҳри Турсунзода баргузор намудани намоиш ҳадафҳои вижаро дар пай дорад. Аввалан, дар ин шаҳр мактаби бачагонаи санъат фаъолият дошта, хонандагонаш аллакай дар чандин озмунҳои байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд. Дувум, шаҳр ва дар маҷмӯъ, водии Ҳисор диёри ҳунармандони чирадаст ва ҳунарҳои зебост. Роҳбарияти донишкада тавассути ин намоиш ҷалби бештари хатмкунандагони шаҳри Турсунзодаро ба муассиса ва тарбияи касбии онҳоро хостор аст.

МӮД АЗ НИГОҲИ ҶАВОНОН
Чорабинӣ бо намоиши либосҳои тозадӯхти донишҷӯён оғоз ёфт. Тарҳи бештари пироҳанҳои зебову ранга маҳсули тахайюли эҷодии донишҷӯён буданд. Онҳо дар ҳар як пироҳан вижагиҳои миллиро ҷо дода, дар баробари ин, онҳоро бо унсурҳои муосири мӯд ғанӣ гардондаанд. Ба саҳнагузорандагон низ донишҷӯён буданд ва мӯдшоуи онҳо дар тафаккури ҳозирон таассуроти мусбат гузошт. Дар он зиёда аз 50 намуди либос бори аввал рӯнамоӣ гардид.
Яке аз онҳо Турсуной Ахмедова аст. Ӯ бо вуҷуди ҷавонӣ, 5 либоси тозатарҳи хешро ба намоиш гузошт ва аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифт.
Қисмати дуюми намоишро асарҳои тасвирии донишҷӯён ва корҳои дипломии онҳо ташкил медод. Бавижа, асарҳои «Бадахшон», «Баҳори бехазон», «Маросимҳои наврӯзӣ», «Дар деҳа» ва наққошиҳою гулкориҳо ба намоиш шукӯҳи дигар бахшиданд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 857
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед