logo

фарҳанг

ФЕСТИВАЛИ "АЙТМАТОВ ВА ТЕАТР" ОНРО НАМОИШИ ТОҶИКОН ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИД

Чанде пеш дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бахшида ба 90 – солагии нависандаи тавоно Чингиз Айтматов фестивали «Айтматов ва театр» баргузор гардид. Дар он театрҳои бонуфузи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон асарҳои саҳнавии аз рӯи осори адиб таҳиянамудаашонро ба маъраз гузоштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Арасот» муаррифӣ намуд. Асар аз рӯи романи машҳури адиб – «Қиёмат» офарида шудааст. Онро коргардон Парвиз Раҷабов ба саҳна гузошта, дар Рӯзи театри тоҷик манзури тамошобинон гардонд.
Дар намоиш ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов, Қурбонмуҳаммад Шукуров ва чанде аз  ҳунармадони ҷавони театр нақшофарӣ намудаанд.
Пас аз анҷоми сафар  раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, аҳли театро бо таҳияи асари нав табрик намуд. Раиси вилоят,  ҳамчунин, афзуд, ки театр дар ҳама давру замон тарғибгари ғояҳои  баланди инсонӣ буда, нақши он дар камолоти маънавии ҷомеа басо  калон аст. Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандон ва ҳунармадони театри вилоятӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Бохтар яке аз куҳантарин муассисаҳои эҷодии кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин муддат  дар он садҳо нафар ҳунармандон фаъолият намуда, ба саҳнаҳои калон роҳ ёфтаанд. Ҳунармандони театр асарҳоеро рӯи саҳна меоранд, ки ахлоқи ҳамидаро тарғиб намуда, инсонҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Бахусус, солҳои охир намоишҳои театр басе пурмазмун шудаанд.
Далер ШАРИФОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 762
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед