logo

туризм

ДУШАНБЕ – ШАҲРИ САЙЁҲӢ

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бо қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ симояшро ба куллӣ тағйир дод. Ин аст, ки соли равон пойтахти кишварро ба қатори даҳгонаи шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносибанд, дохил намуда, моҳи сентябр дар шаҳри Чиндаои Чин ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфтанд.
Шаҳр дорои инфрасохтори зарурӣ буда, дар он барои қабули туристон шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Айни замон 40 меҳмонхона (3 - тоаш дорои бренди ҷаҳонӣ), беш аз 62 тарабхона, 70 қаҳвахона, 156 ошхонаи миллӣ, 5 маркази дилхушӣ, 2 чойхона, 59 муассисаи табобатию профилактикӣ ва як терминали нави замонавӣ ба меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад. Инчунин, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 3500 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани инфрасохтори соҳа мусоидат хоҳад намуд.
Вобаста ба сатҳи хизматрасонӣ дар шаҳр хабаргузории “Спутник” менависад: “Бартарии Душанбе ҳамчун шаҳри сайёҳӣ дар он ифода меёбад, ки хизматрасонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар муддати кӯтоҳ метавон аз фурудгоҳ ба меҳмонхонаи дилхоҳ расид. Ҳамчунин, дар шаҳр интихоби васеи меҳмонхонаҳо мавҷуд аст, ки аз 15 то 200 доллар нарх доранд. Нархи якшабаи ҳостелҳо 7 – 10 доллар буда, ба сайёҳон дастрасанд”.
Қобили таъкид аст, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро, пеш аз ҳама, иншооти хуштарҳу замонавии Душанбе ба худ ҷалб месозад. Бахусус, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, майдонҳои Парчаму Нишони давлатӣ ва Осорхонаи миллӣ бо санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидаанд. Боиси ифтихор аст,  ки тибқи раддабандии торномаи байналмилалии Theestle.net Қасри миллат ҳамчун шоҳкории аср дар даҳгонаи қасрҳои бошукӯҳи президентӣ ҷойи дувумро ишғол намуд.
Китобхонаи миллӣ дар шакли нимдоира сохта шуда, қисмати пеши биноро нимпайкараҳои шоиру нависандагони классику муосир зеб медиҳанд, ки рамзи хираду ҳикмати азалии халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба бузургони миллат арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, Осорхонаи миллиро, ки соли 2011 дар масоҳати 24 ҳазор метри мураббаъ қомат афрохт, метавон беҳтарин намунаи меъмории миллӣ номид. Осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон маҳфузанд, ки бозгӯи таъриху тамаддуни миллати тоҷик мебошанд.
Бинои дигаре, ки кас бо дидани зебоӣ ва ҳашамати он шефтаву мафтун мегардад, Кохи Наврӯз аст. Он дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, калонтарин кох дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Бесабаб нест, ки онро намоди тамаддун, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ унвон кардаанд.
Мавзеъҳои дигари сайёҳии пойтахт боғу гулгаштҳо маҳсуб меёбанд. Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир бунёду навсозии чунин объектҳо ба ҳукми анъана даромада, ба зебоии шаҳр ҳусни дигар зам намудаанд. Дар ин радиф, метавон боғҳои фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Низомиддин Алишери Навоӣ, Восеъ, Ҷавонон, Кӯли ҷавонон ва ғайраро ном бурд, ки бо зебоӣ ва намои хоссаашон беҳтарин мавзеъ барои истироҳату фароғат дониста мешаванд. Ҳар нафари ба Душанбе бори аввал омада, бешубҳа, онро чун шаҳри гулҳо ва боғистони сабзу хуррам дармеёбад. Шаҳрванди Афғонистон Сойис Аҷмал иброз медорад: “Ман Душанберо чун як гулшани обод дарёфтам. Гаштугузор дар хиёбонҳои чароғон ва рангоранги он ба дил фараҳ мебахшад. Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки сулҳу субот доред. Ором зиндагӣ мекунед, шабҳангом осуда қадам мезанед. Ман дар Порису Берлин ва дигар шаҳрҳои бузурги дунё будам, аммо зебоии Душанбе ба худаш хос аст”.
Дар умум, пойтахти кишвар барои рушди сайёҳӣ заминаи устувор  дорад. Барои ҷалби бештари сайёҳон аз ҷониби роҳбарияти он тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Соли равон бо қарори раиси шаҳр «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2020» ба тасвиб расид, ки рушди минбаъдаи сайёҳии шаҳрро муайян менамояд. Тибқи арзёбии коршиносон ворид шудани Душанбе ба Федератсияи шаҳрҳои сайёҳӣ барои муаррифии бештари он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, нуфузи пойтахтро ҳамчун шаҳри сайёҳӣ боло мебарад. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки солҳои наздик шаҳри Душанбе дар радифи пешрафтатарин шаҳрҳои сайёҳии олам қарор хоҳад гирифт.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 1020
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед