logo

фарҳанг

ПАРЧАМ. РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Парчами миллӣ  ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатдорӣ боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар шахси худогоҳ аст. Бо дидани алвонҷхӯрии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос ҳисси ғурури миллӣ бедор мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим барои ифодаи мавқеъ ва манзалати худ аз парчам истифода бурдааст. Ба ёд оварем асари мондагори Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома»-ро: маҳз Коваи Оҳангар   пешдомани чармии худро гирифта, аз он парчам сохт ва барои хотима гузоштан ба беадолатиҳо камар баст. Яъне, орзую омол ва хоҳишҳои башарии худро мардуми мо аз азал тавассути парчам ифода мекард.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун муаррифгари кишвар дар тамоми вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, сафорату намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар парафшон аст. Парчами мо ифодагари нангу номи мо буда, дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзи соҳибихтиёрии мост.
Боиси сарфарозист, ки бо ибтикори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва ҳамасола дар Ватани маҳбубамон ин сана ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Имрӯз Парчами зебои Тоҷикистон дар кулли муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон буда, ифодагари истиқлолият,  озодӣ, сулҳу субот ва сарсабзии кишвар аст.
Мутриба ТӮЙЧИЗОДА, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 862
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед