ҳукумат
Соҳаи геология рушд меёбад
Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 40 масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст дар маҷлис ҳисоботи шахсони масъул «Оид ба ҳолати нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани фаъолияти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт» ва «Дар бораи рушди соҳаи геология дар ҷумҳурӣ» шунида шуд.
Сипас Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2010 – 2012 , Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2010 ва Барномаи бо компютер таъмин кардани муассисаҳои давлатии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2013 муҳокима ва тасдиқ гардиданд.
Инчунин, дар маҷлис баъзе масъалаҳои дигар, аз ҷумла тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009 «Дар бораи соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010», омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани машварати 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ моҳи майи соли 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2010 мавриди баррасии аъзои Ҳукумат қарор гирифтанд.
Лоиҳаи баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйироту илова ба онҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар фароварди ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба иҷрои баъзе қисматҳои буҷети давлатӣ, рафъи мушкилоти фасли сармо, таъминоти аҳолӣ бо барқу маводи сӯзишворӣ, беҳтар намудани фаъолият дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёти мамлакат ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсони дигари дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5592