logo

фарҳанг

АХЛОҚ. АЗ НИЁГОНИ ХУД БИОМӮЗЕМ

Мусаллам аст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳӣ дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи махсус дорад. Пешвои миллат дар ҳар як вохӯриву суханрониҳои худ нақши ҷавононро дар рушди ҷомеа махсус зикр намуда, баҳри пешрафти савияи дониш ва ҷаҳонбинии фарогири насли ояндасози Ватан дастуру супоришҳои иловагӣ ироа медоранд.
Аз ҷумла, чанде пеш бори дигар ба масъалаи мазкур руҷӯъ намуда, қайд карданд: «Ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну олимон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, нависандагону шоирон ва ходимони дин мебошад, ки аз ормонҳои ҳазорсолаи халқи озодихоҳи мо, нияти неки мардуми ватандӯстамон ва хазинаи бузурги маънавии ниёгони некномамон сарчашма мегирад».
Барои амалишавии ин пешниҳодҳои Сарвари давлат тақвияту такмил бахшидани тарбияи ахлоқии ҷавонон ва истифодаи оқилонаи «хазинаи бузурги маънавии ниёгонамон» ногузир аст. Зеро маҳз ҳамоне бо дасту дили гарм барои Меҳанаш хидмат мекунад ва шарафу номуси ватандориро ҳифз менамояд,  ки сиришти модарзодиаш аз меҳру муҳаббати Ватан саршор бошад. Барои ин, омӯзиши густурда ва илман асосноки фанҳои табииву ҷамъиятӣ лозим аст ва ин бегумон барои мо – муаллимон низ дахл дорад.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишта шудани китоби «Чеҳраҳои мондагор» низ далели рӯшани гуфтаҳои моянд. Бори дигар ба чеҳраҳои бузурги таърихиву фарҳангӣ, сиёсӣ ва осори онҳо рӯ овардани Пешвои миллат бозгӯи он аст, ки беҳтарин сипари муҳофиза ба рағми тиру туфанги ифротиёну ихтилофкорон ҳамоно маънавияту адаб мебошад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармуда:
Одамизод агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ мобайни банӣ - одаму ҳайвон адаб аст.
Маориф дар ҷаҳони имрӯза наметавонад бидуни илмҳои табиатшиносӣ - физикӣ тараққӣ кунад. Аз ин рӯ, асосҳои ин илмҳоро дар мактаби миёна таълим медиҳем. Насли наврас бо фаро гирифтани асоси ин илмҳо пояҳои моддии зиндагиро устувор мекунад. Дар ин росто, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони фанну фанноварӣ, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмию ҷустуҷӯӣ ҷалб карда шаванд.
Баҳри бештар ошно кардани хонандагон бо илми ба истилоҳ «башардӯстӣ» фанҳои адабиёт, забон, санъат, зебоишиносӣ, таърих, фалсафа мусоидат хоҳанд кард. Аз ин сабаб, ба ин ҷиҳати омӯзиш эътибори ҷиддитар додан, натиҷаҳои самарабахшро метавонад ба бор орад. Аз ҷумла, дар замони имрӯз, ки ҳар лаҳза неруҳои гуногуни геополитикӣ ва ифротӣ ба зеҳни сокинони сайёра таҳдид мекунанд, вусъат бахшидани тарбияи фарҳангии ҷавонон зарур аст. Бахусус, донистани забонҳои хориҷӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, то фазои иттилоотии ҷомеаи ҷаҳонро омӯзанд ва аз ҳуҷуми ғояҳои ифротгароёна эмин бошанд. Беҳуда намегӯянд: «Забондонӣ ҷаҳондонист».
Хуллас, мо ба воситаи омӯзиши амиқи осори фарҳангии худ метавонем на танҳо буҳрони маънавии ҷаҳонро паси сар кунем, балки мавқеи миллати худро боз ҳам болотар бардорем, ки дар ин роҳ аллакай заминаҳои устувор гузошта шудаанд.
Рафоат АШӮРОВА, омӯзгори МТМУ № 44 - и ноҳияи
Исмоили Сомонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2018    №: 231    Мутолиа карданд: 841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед